Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҳарчанд қисми зиёди умри бобаракати хешро сарфи кори милиса намуда буд, вале аз таҳлили имшаба ба хулосае омад, ки ӯ боре ҳам бо чунин парвандае, ки торҳояш чун торҳои танидаи тортанак ба ҳар самт мебаранд, рӯ ба рӯ наомадааст.
Ҳатто замоне, ки вай ҳамроҳи Амириён хоини Ватан Тешаи Сангро дастгир намуданд на ӯ ва на онҳое, ки дар ин кор саҳм гузоштанд қариб аз ҷумҳурӣ берун нарафтанд.
Дар ҳодисаи ба сари Боҳир Қаюм омада бе сафар ба хориҷи кишвар ғайриимкон буд…
Абдумаҷидов болои варақи сафеде чанд доирачаи хурд кашида дар маркази он доирачаи калонтареро ҷой дода, дар дохилаш чунин навишт. «Ҷойи ҳодиса дар кӯчаи Сулҳ» сипас, аз ҳамин доирачаи марказ ба ҳамаи доирачаҳои гӯшаҳои он хатти рост бурда, дар дохили онҳо аз тарафи чап ба рост чунин навишт:
а. Қобилов Н.Х. Қирғизистон. Покистон. Кавкази Шимолӣ – Тоҷикистон б. Қобилов Н.Х. таппончаи тамғаи «РГ– 040» ва мармии
«СП– 3»
в. Таппончаи «РГ– 040» гурӯҳҳои «Алфа» ва «Вимпел»
г. Гурӯҳҳои «Алфа» ва «Вимпел», Чеченистон, Абхазия, Осетияи Шимолӣ…
д. Боҳир Қаюм – Новокузнетский. Заводи металлургӣ.
ж. Заводи металургӣ. Боҳир Қаюм ва дӯсти дӯсти губернатор.
з. Дӯсти дӯсти губернатор бо ҳамдиёронаш ва ду ҷомадону автомашинаи сухтаистодаи канори ҷангал ва Боҳир Қаюм.
Абдумаҷидов фикру ақидаи хешро дар гузориш муфассале ба номи Воҳид Камол оварда, ҳуҷҷатҳои болои миз ва диктофонро ба сейфи оҳанин гузошта, аз ҷой бархеста, чароғро хомӯш намуду аз дафтари кориаш берун шуд.
– Акбар Ҳакимович чӣ лозим дар ин шаби сард азми хона намудан, – ӯро дида пурсид навбатдор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё