Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳоло ҳам ба фикрам аз зиндагӣ бехабарӣ, рафиқ Фозилов, о, дар чунин шаби сард ба ҷуз хона ва бистари гарм ба мард дигар чӣ лозим?
– Баҳс намекунам, вале чӣ илоҷ, ки мо навбатдор…
Абдумаҷидов бо Фозилов хайрухуш намуда берун баромад. Ҳаво софу беғубор, вале ниҳоят сард буд. Абдумаҷидов таксиеро боз дошта, то наздикии хонааш омад. Сипас, боз каме дар ҳавои сарди зимистон қадам зада, дар остонаи бино каме таваққуф намуду аз зинаҳо ба боло баромада, ба дар оҳиста ангушт зад…
… 42 …

Субҳия миссияи хешро ба анҷомёфта ҳисобида аз прокуратура рост ба хона омад. Ӯ бар он афсӯс хӯрд, ки имрӯз бо Хуршед мулоқот таъйин накард. Не, мулоқотро ҳоло ҳам таъйин кардан имкон дошт, вале аз тамоси телефонӣ ба хулосае омад, ки Хуршед ҳамин лаҳзаҳо дар остонаи ноҳияи Рашт аст.
Дирӯз бегоҳӣ, аниқтараш шаб вақте ки ӯро Хуршед то паҳлӯи роҳи калони пушти хонаашон овард дар рӯ ба рӯйи дари баромадгоҳ бо нозири минтақавӣ Амрихудоев рӯ ба рӯ шуд.
– Ҳа, Субҳия дар куҷоҳо мегардӣ?
– Дар китобхона будам, – дурӯғ гуфт ӯ ва ҳатто чашмаш ҳам аз ин дурӯғи гуфтааш напарид.
– Се соат боз роҳи худатро мепоям. Ҳамроҳи Зӯҳро Шафиевна хело суҳбат намудам ва дар дасти кампир баҳрат даъватномае гузоштам.
– Ба тӯй?
– Не, ба прокуратура.
– Ман бошам гумон кардам, ки бандаро ба тӯйи ҷиянчаҳо даъват намудаед.
– Чун тӯй шавад, ҳатман даъватномаи аввалро ба номи худат менависам.
– Аз шумо дарвозиҳо фақат гап.
– Вале аз шумо шаҳриҳо гап ҳам гирифта намешавад.
– Эй, акои Мардихудо ҳеҷ аз ҳамин шӯхиҳоят намондӣ. Ҳа, дар воқеъ чаро маро ба прокуратура даъват намуданд?

пешина
аз 515
навбатӣ