Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Намедонам, худи муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф ба идора омада, даъватномаро ба дасти ман дод.
– Шояд ба хона равем, ҳамроҳ як пиёла чой мегирифтем?
– Акнун дер шуд, маро дар идора интизоранд, ташаккур ягон рӯзи дигар, – гӯён Амрихудоев бо Субҳияи Шокир худоҳофизӣ намуда, ба тарафи роҳи калон ба ҳамон самте, ки лаҳзае пеш Субҳия омада буд, ҳаракат кард.
Субҳия ба хона омад ва бибиро ҳам бо дурӯғи хеш, ки гӯё дар китобхона буд, ором намуд.
– Ана, бароят даъватнома аз прокуратура, – гӯён кампир даъватномаи овардаи Амрихудоевро ба дасти набераи шабгардаш дод…
Сари субҳ ӯ ба прокуратура омад ва баъди суҳбат бо муфаттиш ва гирифтани дастуру рухсатномаи махсус ба беморхонаи шаҳрӣ шитобид, аз он ҷо бо қаҳру ситеза боз ба прокуратура ва боз бо гирифтани дастури нав ин даъфа баъди ултиматуми Боҳир Қаюм боз ба вохӯрии навбатӣ ба беморхона ва баъди анҷоми супориш боз ба прокуратура…
Акнун ӯ дар остонаи хона. Хуршед бошад дар остонаи ноҳияи Рашт, мисли ду гуреза, ду фирорӣ…
Ӯ имрӯз кори некеро ба сомон расонд, дар қатори милиса ва муфаттиши прокуратура дар мубориза алайҳи ҷингояткори саҳми хеш бигузошт ва ин саҳми вайро ҳатто Акбар Ҳакимович Абдумаҷидов ва Фурӯғи Шариф низ эътироф намуданд. Боз чӣ мехоҳӣ? Бубин, ӯ ва танҳо ӯ тавонист, ки Боҳир Қаюмро ба суҳбати ошкоро даъват намоянд. Ҳатто худи муфаттиш ҳамон духтараки резапайкаре, ки Боҳир Қаюм ӯро ба оташ, ба алови пӯш шабеҳ дода буд, имрӯз ба ёрии вай зор монд. Муносибаташро ба ӯ тамоман дигар намуд. Эҳтиромашро ба ҷо овард.
Бо амри вай ва майори милиса Абдумаҷидов автомашинаи милиса ӯро то ба пеши беморхона бурд ва боз омаданашро низ интизор шуд. Дар суҳбати имрӯза Субҳия мақоми хешро ба хубӣ дарк намуд. Ӯ фаҳмид, ки Боҳир Қаюм минбаъд ҳам дар зери навояш рақс хоҳад кард, ҳарчанд ӯ ёри бевафоест. Не, ӯ ҳаргиз ризқи хешро пеши по нахоҳад зад ва агар имрӯз сухани вай намешуд Боҳир Қаюм ҳаргиз рози дили хеш ба милиса намекушод…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё