Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Имрӯз на танҳо баҳри милиса ёрӣ дод, балки баҳри хеш кашфиёти беназире намуд, кашфиёте, ки аз қонуни сеюми Исаак Нютон монданӣ надорад. Ӯ фаҳмид, ки чун замин қувваи кашиш дорад ва маҳз ҳамин қувва мақоми вайро чун замин дар чашми деҳқон (Боҳир Қаюм дар назар аст) баланд бардоштааст.
Бале, қувваи кашиши ӯ аз қувваи ҷозибаи умумиҷаҳонӣ кам нест ва акнун ӯ боварӣ дорад, ки Боҳир Қаюм минбаъд дар зери нояш рақс хоҳад кард, чунки ӯ пайкони ишқро дар қалбаш ҷо намуда…
… 43 …

– Хуш, чӣ хизмат?
– Ба назди вазир даромаданам лозим.
– Вазир нестанд ва умуман имрӯз намешаванд, – бо як оҳанги ҷиддӣ гуфт духтараке, ки дар қабулгоҳи вазир сари компютер менишаст.
– Маро ҳатман ба Россия ба сафари хизматӣ рафтанам лозим, шояд ягон маслиҳат диҳед.
– Марҳамат, ба дари тарафи рост дароед.
– Ба назди Абдуллоев?
– Он кас ҳам муовини вазир ва ҳуқуқи пурраи бо ҳуҷҷатҳои шумо имзо гузоштанро дорад.
Абдумаҷидов ба дари рӯ ба рӯи дафтари кории вазири корҳои дохили ангушт зад ва баъди шунидани овози соҳиби дафтари корӣ дарро кушода худро аз санҷаи дар шинос намуд.
– Марҳамат гузаред, – гуфт марде, ки дар либоси низомӣ буд.
Абдумаҷидов боз чанд қадам пештар рафт ва ҳуҷҷатҳои дар дасташ бударо ба дасти генерал майори милиса дод.
– Марҳамат шинед, – гӯён генерал айнакашро аз болои миз гирифта, ба чашм монд ва чашм ба ҳуҷҷатҳои овардаи Абдумаҷидов дӯхт.
Абдумаҷидов бошад ба курсие, ки дар наздикии девор буд, амонат нишаст ва ба дафтари кории муовини вазири корҳои дохилӣ чашм дӯхт. Аслан, дафтари кории муовини вазир ҳам чун ҳама дигар дафтарҳои кории вазирону раисон дар мадди аввал намуди хоксоронае дошт…

пешина
аз 515
навбатӣ