Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Барои ночизе кор майли тамошои Россия доред, – гӯй гуфтани муовини вазир ӯро аз тамошои минбаъдаи дафтари корӣ маҳрум сохт ва аз рӯи таомули ҳарбиён ӯ аз ҷой рост хеста ба суоли генерал майор ба таври низомӣ чунин посух дод:
– Ҳаргиз ин хел нест, рафиқ генерал майор.
– Ана, ман барои Воҳид Камол ҳамин ҷо супориши хешро навиштам, – гӯён Абдуллоев ҳуҷҷатҳои овардаи Абдумаҷидовро ба дасташ дода гуфт.
– Вы свободны…
Абдумаҷидов ба тарафи дар ҳаракат намуд.
– Мусоеву от меня привет передайте.
Абдумаҷидов мисли оне, ки сухани генералро нашунида бошад, аз дафтари кории муовини вазир берун шуд.
Котиба ба тарафи вай як табассуми маҳине намуда, сар ҷунбонд, ки аслан корҳо чӣ хел гӯён маънӣ дошт.
– Ҳамааш бе натиҷа, – гӯён Абдумаҷидов аз қабулгоҳ берун шуд. – Ҳамааш айби худам шуд, – гуфт вай. Охир Воҳид Камол худаш гуфт, ки зинҳор ба назди Абдуллоев надароям, маълум, ки вай чи гуфтанашро медонистааст, вале мани калаварам ба ҳамин чиз диққат надодам. Дар долони дарозе, ки ба самти зинаҳо мебурд, ӯ чашм ба навиштаҷоти болои мактуби Воҳид Камол дӯхт. Абдуллоев дар болои он мактуби зебое, ки тариқи компютер ба номи вазир ирсол шуда буд бо хатҳои каҷу килеб чунин навишта буд: «Рафиқ В.Камол оё андеша накардед, ки то ба Новокузнетский рафтани як корманд чӣ қадар маблағро талаб мекунад. Беҳтар мешуд, ки тариқи почтаи электронӣ ба он ҷо супориши ҷудогонаи муфаттишро мефиристодед». Генерал майори милиса Абдуллоев 18.01…
Абдумаҷидов рост ба идора омад ва ҳамоно ба назди сардори ШКД даромад.
– Шер ё рубоҳ, – баробари ӯро дидан пурсид Воҳид Камол.
– Аз назари худи шумо ман ҳоло ба кадоме аз он ду ҷонвари гуфтагиатон монанд?
– Ман шуморо ҳамеша шер мепиндорам.
– Ин даъфа бошад баръакс шуд.
– Бовар намекунам, охир вазир дар ин бора ҳамарӯза таъқид мекунад, ки рафту далелҳои боэътимод бошад ҳаргиз сафари корманд ба хориҷи кишвар ба ҷайби давлат зиён намеорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё