Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ҳамааш айби ман шуд, – гӯён Абдумаҷидов қоғазҳои соате пештар аз дасти Воҳид Камол гирифтаашро боз аз ҷузвдон бароварда ба дасти худи вай дод.
Воҳид Камол лаҳзае ба навиштаҷоти болои мактуби хеш назар намуда гуфт: – «То он даме, ки бюрократҳо дар сари қудратанд некиеро дар кор интизор шудан нашояд».
– Рафиқ полковник ҳамааш бо гуноҳи ман шуд.
– Не, на шумо, балки система гунаҳкор аст, чунки дар аксари курсиҳо шахсоне нишастаанд, ки аз тафтишот фарсахҳо дур буданд.
– Акнун чӣ мешавад?
– Намедонам. Ман маҷбур мешавам, ки худам ба назди вазир рафта, баҳри ба Руссия рафтани шумо рухсат гирам.
– Шояд дар асоси супориши Абдуллоев тариқи почтаи электронӣ супориши ҷудогона фиристем?
– Супоришро фиристода дастҳоро болои ҳам монда шинем, ки кай аз Новокузнетский ба мо ҷавоб медиҳанд.
– Ба фикрам моро роҳи дигар нест, ё шумо рафиқ полковник бо генерал майор Абдуллоев ҷанг эълон кардан мехоҳед?
– Не, бе ягон ҷанг ҳам ман барои ба Новокузнетский фиристодани шумо рухсатнома мегирам.
– Шояд ягон нафари дигарро фиристед?
– Не, ба ман дар ин ҷода баҳс фоида надорад, гуфтам, ки шумо рафиқ Абдумаҷидов меравед, меравед. Тайёриатонро бинед. Фаҳмо!
– Фаҳмо.
– Ҳоло аз пайи кор шавед, боз як маротиба худи ҳамин рӯз бо Боҳир Қаюм вохӯред, шояд боз ягон ҷузъиёти хурдтареро ҳам ба ёд оварда бошад, ҳа дар воқеъ пурсед, ки он дӯсти дӯсти губернатор дар кадом меҳмонхона таваққуф намуда будааст, аз чӣ бошад, ки ман ҳамин чизро дар диктафон нашунидам.
– Хуб шудааст, акнун рухсат диҳед равам.
– Майлаш, бегоҳ боз вомехӯрем. Акнун аз пайи кор шавед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё