Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди рафтани Абдумаҷидов сардори ШКД котибаро ба назди хеш хонда супориш дод, ки нухсаи дигари мактубро, ки сари субҳ ба номи вазир навишта буданд ёфта биёрад.
Котиба аз пайи иҷрои супориш рафт ва Воҳид Камол тамоку даргиронд. Ҳар гоҳ ки ӯ вазъи хешро ноҳинҷор медид тамоку дармегиронд, то дар зери фаввораи дуд андешаҳои парокандаашро дар як ҷо ҷамъ оварад…

... 44 …

Абдумаҷидов аз дафтари кории Воҳид Камол берун шуда, ба муфаттиши прокуратура занг зад.
– Лаҳзае пеш ман дар ҳузури Ҳошим Бобохон будам ва ба хулосае омадам, ки дирӯз ҳангоми пурсиши Боҳир Қаюм мо як қадар ба шитобкорӣ роҳ дода, баъзе ҳолатҳои корро ба инобат нагирифтаем, – тариқи телефон ақидаи хешро иброз намуд Фурӯғ.
– Ба фикрам имрӯз ҳам боз як бор ба назди вай рафтанамон лозим мешавад.
– Ба ақидаи шумо дар пурсиши дирӯзаи мо чӣ камбудиҳое буд?
– Мо бояд рассомеро бо худ барем ва аз рӯи нақли вай симои он ду ҳамдиёрамонро рӯйи коғаз оварем ва ё ӯро ба ташхисгоҳ бурда, аз рӯйи нишондодаш словесстный портрет(акси аз рўйи нишондод болои лисон оварда шуда) он ду нафарро пайдо намоем. Ҳамчунин Воҳид Камол дар он ақида аст, ки аҷиб не, ки Боҳир Қаюм дар кадом меҳмонхонаи Новокузнетский истиқомат кардани он шиносашро, ки номашро ба гӯшаи фаромӯшӣ додааст, надонад.
– Расо соати чордаҳ дар назди даромадгоҳи беморхона вомехӯрем, ҳа, дар воқеъ таклиф намудани рассом ҳам ба зиммаи шумо, – гӯён муфаттиш ба алоқа нуқта гузошт.
Дар вақти таъиншуда ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ майори милиса Абдумаҷидов ҳамроҳи рассом Қурбонов, ки яке аз шиносҳои наздики Воҳид Камол буд, дар пеши бинои беморхона ҳозир шуданд. Лаҳзае пас муфаттиши прокуратура ҳам омад ва баъди шиносоӣ бо рассом ҳар се ба ошёнаи сеюми бино баромаданд.

пешина
аз 515
навбатӣ