Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боҳир Қаюм, ки болои бистараш ба мутоилаи рӯзномаҳои даврӣ машғул буд, баробари кушода шудани дар нимхез шуд.
– Ташвиш накашед, бе ин ҳам мо новақт омадем. Аслан, дар тамоми беморхона ҳамон лаҳза беморон сари фароғат қарор доштанд ва бемори ҳуҷраи ҳафтум ҳам истисно набуд.
– Ба ростӣ ин ҳама фароғатҳо ҳам ба ҷонам зад, – шиква намуд бемор ва рӯзномаи дар дасташ бударо болои мизи калон гузошт.
– Ин кас рассом Қурбон Сафол, – шахси ҳамроҳашон омадаро ба бемор муаррифӣ намуда гуфт Абдумаҷидов.
– Ман дирӯз ҳамаашро гуфтам ва ба гумон аст, ки ба нишондоди дирӯзаам иловае карда тавонам.
– Истед, ки то кунун номи он шиносатонро ба ёд наовардед, – пурсид муфаттиш.
– Не.
– Набошад шуморо лозим меояд, ки симои вайро ба ёд биёред!
– Инаш барои чӣ?
– Муаллим (Қурбон Сафол дар назар аст) бояд дар асоси нишондоди шумо расми вайро кашад.
– Магар ин ягон натиҷае медиҳад?
– Намедонам, вале ҳамааш ба худи шумо вобаста, ки то кадом андоза он симои дидаатонро дар тахаюлоти хотиратон ҷо додаед.
– Ман агар вайро бубинам, аз як фарсах роҳ ҳам мешиносам.
– Пас маълум, ки симои вайро аз хотир набаровардаед.
– Намедонам.
– Набошад сар намудем. Муаллим шумо тайёр – мӣ?– пурсид муфаттиш.
– Тайёр.
– Хуб, акнун оҳиста – оҳиста ҳамон симои дидаатонро пеши назар биёред.

пешина
аз 515
навбатӣ