Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Қадаш аз ман анча хурдтар. Дар танаш нимтанаи чармини сурх дошт. Дар пояш ҳам туфлии зимистона, ҳамранги нимтанаи чарминаш. Дар сараш телпак аз пусти санҷоб.
– Каме сабр кунед.
– Чӣ нашуд?
– Гӯед, ки қади худи шумо чанд?
– Як метру ҳаштод сантиметр.
– Вай аз шумо чӣ қадар паст буд.
– Шояд ним ваҷаб.
– Аниқтараш.
– Ҳангоме ки мо хайрухуш намудем, ӯ маро ба оғӯш гирифт ва сараш то ба баногӯши ман омад ва ман каме ҳам бошад барои хайрухуш қоматамро хам намудам.
– Яъне қади вай то зери гӯшатон буд?
– Ҳа, ҳамин хел.
– Давом диҳед.
– Гуфтам, ки дар сараш телпак аз пӯсти санҷоб дошт.
– Шакли рӯяшро гӯед?
– Рӯяш осиёинаҷод, биниаш теғадор, абрувонаш аз ҳам ҷудо, чашмонаш, ҳа, дарвоқеъ чашмонаш аврупоимонанд.
– Яъне чӣ хел аврупоимонанд?
– Чашмонаш кабуд, чун осмон. Ҳа, дар воқеъ, ман чашмони ӯро дида, ҳатто ба тоҷик буданаш ҳам дар аввал бовар накардам, вале чун мо сари суҳбат қарор гирфтему аз куҷо будани бандаро пурсон шуд, ангушти ҳайрат газидам. Не, бовар намоед ӯ аз осиёинаҷот дида, ба аврупоён монандии бештаре дорад. Ҳа, боз як чизи дигар ҳам ба ёдам омад. Зери манаҳаш каме фишурда.
– Шуморо нафаҳмидам, –гуфт рассом.
– Яъне зери манаҳаш каме чуқур. Чунин одамон хело зиёданд, наход шумо вонахӯрдаед?
– Акнун фаҳмо.
– Мӯйи сараш чӣ ранг дошт?
– Гуфтам– ку, дар сараш телпак дошт. Ба фикрам мӯйи сараш ҳалворанг.
– Яъне, ки на сиёҳ, на зард, ҳамин хел?
– Бале.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё