Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Мӯйлаб дошт?
– Не.
– Боз чӣ хел нишонаҳо дошт.
– Чи хел нишона?
– Фарз намудем, ки ягон хол, захм, навиштаҷот?
– Дар рӯяш не, вале дар дасти росташ, дар байни ангушти калон ва дуюм ҳарфи «А» навишта шудааст.
Қурбон Сафол боз лаҳзае он самти болои лисон овардаашро рангу бор намуда, қоғазро ба дасти Боҳир Қаюм дода гуфт:
– Канӣ як назар намоед?
– Чун себи дукафон, ман бошам ба ростӣ дар лаҳзаи аввал бовар накардам, ки дасти одам чунин муъҷизаофар мешавад.
Исто ки чаро шумо танҳо акси рӯяшро ба қалам додед, о ман қаду қомат, ранги либос, туфлӣ ва кулоҳашро ҳам гуфта додам– ку.
– Барои тафтишот ҳамин тарҳи рӯяш кофист, – гуфт Абдумаҷидов. Дигар нишонаҳояшро мо дар зери ҳамин расм сабт мекунем.
– Мо боз донистан мехостем, ки он дӯсти ҳамдиёрамон дар кадом меҳмонхонаи он шаҳр истиқомат дошт.
– Гуфт, ки дар хонаи кадом як шиносаш, вале ман ба ёд оварда наметавонам, ки ӯ суроғаи ҷойи зисти муваққатияшро ба ман дода буд ё не.
– Симои он нафари дигарашро, ки дар паҳлӯи ҷангал дидед, ба ёд оварда метавонед?
– Не, ман ӯро дар масофаи на кам аз сад метр дидам. Не, не, ба ёд оварда наметавонам, вале як чизро бояд гӯям. Вай аз дӯсти мо қаду қомати баландтар дошт.
– Шумо нагуфтед, ки он марде, ки дар ошхонаи заводи металлурги дида будед, чандсола буд?
– Тахминан бисту се бисту шашсола.
– Инро чӣ хел муайян намудед?
– Ман пурсидам, ки оё зану фарзанд дорад, гуфт ки не. Ҳа, боз як чиз ба хотирам омад, ӯ расми арӯсшавандаашро ҳам ба ман нишон дод. Дар расм духтараки зебое будааст арӯсшавандааш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё