Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Исто – исто, ки дар болои расм ҳам навиштаҷоте буд… Боҳир Қаюм лаҳзае хомӯш монд.
– Шояд дар хотиратон намондааст,– пурсид муфаттиш.
– Не, он навиштаҷоти болои расм дар хотирам ҳаст, боз каме сабр намоед.
– Мо ба ягон ҷо шитоб надорем.
– «Любимому на вечную память от Фиалки». Аниқ ҳамин хел навишта шуда буд,– гуфт Боҳир Қаюм.
– Шояд номи вай дӯстодоштааш ҳам сабт шуда буд?
– Не, не айнан чӣ, ки гуфтам ҳамин хел навишта шуда буд.
– Айнан Фиалка?
– Айнан Фиалка, ба фикрам боз ду ё се ҳарфи дигар ҳам дар таги он навиштаҷот буд.
– Гуфтам – ку мо ба ягон ҷо шитоб надорем, дуюмбора суханашро такрор намуд муфаттиш.
– Ҳа, ана ба ёд овардам: дар поёни он навиштаҷот чунин ҳарфҳои хоно дарҷ шуда буданд «Ф» + «Ф» = «Л».
– Яъне, ки ҳарфи аввали исми он ҷавон ҳам «Ф» аст?
– Аниқ ному насаби вай дар ёдам нест, шояд «Ф» ҳам бошад.
– Фирдавс, Фарҳод, Фаридун, Файзулло, Фақир….
– Намедонам, аниқ дар ёдам нест.
– Ба ҳаминаш ҳам ташаккур, рафту агар номи вайро ба ёд овардед аз мо фаромӯш накунед, – хоҳиш намуд Абдумаҷидов ва ҳамагон аз ҷой бархестанд.
– Фиалка чунин номро бори аввал мешунавам, – баробари аз палата берун шудан гуфт муфаттиши прокуратура.
– Бар хилофи баъзе духтарони Ҷамоҳири назди Балтика аксари духтарони мо номҳои худро гоҳ – гоҳ дар шакли тарҷума мегӯянд ва шояд дар ҳолати мазкур низ ҳамин хел аст.
Абдумаҷидов истироҳати хешро дар шаҳри Паланга ва рақси худро бо духтари литвонӣ Иола ба ёд овард.
– Яъне, ки ӯро Бунафша ном аст?
– Бале.
– Набошад, мо хело ба марра наздик шудаем?

пешина
аз 515
навбатӣ