Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Намедонам, ҳамааш ба расми кашидаи домулло (Абдумаҷидов ба тарафи рассом Қурбон Сафол ишора намуд) вобаста, рафту ин расм акси садо диҳанд ҳисоб намоед, ки мо дар марра.
– Ба анҷоми неки кор умед мебандем, – гуфт Фурӯғи Шариф ва дар чорроҳа бо ҳамроҳонаш хайрухуш намуда, ба тарафи рост, ба самти прокуратура тоб хӯрд…

… 45 …

Дигар кӯшише ба харҷ надодани Соро Азимова ҳамшираи шафқати беморхонаи шаҳрӣ, ки ду маротиба кӯшиши ба назди Боҳир Қаюм даромадан намуда буд, Воҳид Камолро ором намегузошт.
Сари субҳ вақте ки Абдумаҷидов бо даъвати худи вай ба наздаш ҳозир шуд, сардори ШКД оид ба ҳамин беҳаракатиҳои ҳамшираи шафқат изҳори нигаронӣ намуда, ҳуҷҷатҳои дирӯз баҳри сафари Абдумаҷидов тайёрнамудаашро ба дасташ дода, фикри зердасташро оид ба ҳарду масъалаи дар пеш истода донистан хост.
– Ба фикрам ҳамон Ёсин Сафоро аз нав ба беморхона фиристодан лозим меояд.
– Магар барои шахсе, ки қасд ба ҷони дигар кас мекунад ҳамин ҳолат аҳмият дорад?
– Ёсин Сафо ҷавони ҷусту чолок аст ва аҷаб не, ки ҳамин ҳаракатҳояш ба ҳамшираи шафқат писанд наомада бошанд. Аз он чи ки Соро Азимова дигар кӯшиши ба палатаи ҳафтуми беморхонаи шаҳрӣ даромадан накарда истодааст, ба хулосае омадан мумкин онҳое, ки Ёсин Сафоро иваз намуданд ба дилу дидаи он ҳамшираи муҳаббатталаб ҷо нашуданд.
– Яъне гуфтаниед, ки ҳамшираи шафқат ба онҳо боварӣ надорад?
– Ба фикрам ҳамин хел аст.
– Шояд дигар ҳолатҳо ҳам вуҷуд дошта бошанд?
– Баҳс намекунам. Аз эҳтимол дур нест, ки талошҳои Азимова баҳри ба назди Боҳир Қаюм даромадан ин санҷиши ҳолати муҳофизатӣ дар беморхона набошад.
– Разведка перед боем да?

пешина
аз 515
навбатӣ