Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Мутлақо дуруст. Онҳое, ки ҳисобашонро бо Боҳир Қаюм баробар кардан мехоҳанд, маҳз тавассути корманди худи беморхона талош меварзанд, то бифаҳманд, ки оё ба назди Боҳир Қаюм имконияти даромадан ҳаст ё не? Танҳо баъди гирифтани хабари мусбӣ онҳо баҳри амалӣ шудани нақшаҳои дар пеш гузоштаашон камар мебастанд. Чун ба назди Боҳир Қаюм худи ҳамшираи шафқат, ки дар беморхона кор мекунад, даромада натавонистааст, онҳо аз ҳуҷум ба беморхона худорӣ намуданд, чунки чунин ҳуҷум танҳо ба шикаст бурда мерасонад.
– Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки Соро Азимова бо кадом роҳ Боҳир Қаюмро аз байн бардоштан мехост?
– Танҳо тавассути заҳр.
– Пас чаро ӯ кӯшиши ҳамин амалашро иҷро намудан аз берун намекунад?
– Вай нағз мефаҳмад, ки ба бемор танҳо ҳамсару духтараш хӯрок мебаранд. Дигар ҳама намуди хӯроке, ки ёру дӯстонаш ба вай мебаранд, аз пеши дар бозгардонида мешавад. Вай наметавонад, ки бо ҳамсару духтари бемор забон як карда хӯрокҳои ба бемор мебурдагиашонро заҳролуд намояд.
– Шояд дар ин ҷода ҳам мо ба хатто роҳ додем?
– Не, дар ин самт хаттое нест ва натиҷаи ин то ҳанӯз зиндаю саломат мондани Боҳир Қаюм аст.
– Гуфтед, ки Субҳияи Шокир ҳамон субҳ ба бемор самбусаи варақин бурдааст, оё андеша накардед, ки…
– Осуда бошед рафиқ полковник, маҳз Субҳия вайро розӣ карда тавонист, ки бо мо ҳамкорӣ намояд. Субҳияи Шокир ҳам дар бораи он ки кадоме мехоҳад, ки тариқи вай бо Боҳир Қаюм алоқа барқарор намояд огоҳонида шудааст. Агар кадоме кӯшиши бо Боҳир Қаюм алоқаро тариқи Субҳияи Шокир барқарор намудан хоҳад, мо ҳамоно аз нияти вай огоҳ хоҳем шуд ва нақшаи минбаъдаи корро аз рӯйи вазъияти ба вуқуъомада тарҳрезӣ хоҳем намуд.
– Бисёр хуб. Чи хеле, ки дирӯз банда ваъда намудам ана ҳуҷҷатҳо. Ин дархостро дирӯз бегоҳи бурда имзо намудем. Ба фикрам баҳри аниқ намудани ҳолатҳои кор (ман сухтори субҳи рӯзи 22 декабри соли гузашта дар атрофи шоҳроҳи Новокузнетский – Новосёльро дар назар дорам) муайян намуданат лозим меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё