Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар атрофи ҳамон сухтор ва сабабҳои сар задании он андеша намоед. Боварӣ ҳаст, ки аз рӯйи таҳлили сӯхтори мазкур мо нуги гиреҳеро баҳри хеш дархоҳем ёфт.
– Хуб шудааст.
– Акнун омодаи сафар шавед!
Абдумаҷидов аз дафтари кории сардори ШКД берун шуд.
Акнун ӯро лозим буд, ки ҳарчи тезтар ба кассаи фурудгоҳ рафта, баҳри хеш билет гирад.
Баъди рафтани Абдумаҷидов Воҳид Камол боз тамоку даргиронид ва дар зери фавораи дуд андешаҳои хешро дар тарозуи вақт гузошт. Ҳарчанд ӯ мӯи сари хеш дар милиса сафед карда буд, вале боре ҳам ду ҳодисаи якхеларо надид. Ба ҳар як ҳодисаи рухдода аз назари индувидуалӣ нигаристан лозим меомад. Чи тавре, ки хатҳои ангуштони ҳар як фарди сайёра дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошанд, ҳодисаҳо ҳам ҳеҷ кадоме ба якдигар монанд нестанд ва муссалам аст, ки таҳлилу санҷиши онҳо ҳам аз рӯйи хусусиятҳои хосашон вобастагӣ дорад.
Дирӯз ӯ худаш дуюмбора ба вазорат рафта назди вазир даромад. Маълум шуд, ки генерал майор Абдуллоев алакай вазирро дар бораи ташрифи корманди ШКД–и ноҳияи Гулистон, ки бо ғаразҳои шахсӣ азми сафари Руссия намудан доштааст ва пешгирии ин амали номатлуб аз тарафи худи вай бо рангу оби тоза огоҳ намудааст.
Баъди ташбеҳи ҳодиса аз тарафи муовини вазир бо чӣ ҷонкоҳониҳое ба Воҳид Камол муяссар шуд, ки вазирро ба зарурияти ба Россия рафтани корманди хеш, ки дар ниҳодаш заррае ғарази шахсӣ нест, розӣ кунонад. Ӯ ҳатто кафолат дод, ки агар сафари корманд ба Руссия бе натиҷа анҷом ёбад, гузоришашро барои аз вазифа рафтан менависад. Вазир ба қавлу қасами полковники милиса Воҳид Камол, ки тамоми умр дар муқобили олами ҷиноӣ чун сипар буд, бовар кард…
Дар ин бора ӯ ба Абдумаҷидов ҳатто як калима ҳам нагуфт, чунки ба вай бовар дошт ва боварӣ ин худ як нишонае дар пешрафти кор аст. Воҳид Камол тугмачаи зангро зер кард ва лаҳзае пас котиба пушти дараш рост шуд.
– Маҳмадовро ба назди ман ҷеғ занед…

пешина
аз 515
навбатӣ