Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

… 46 …

Самолёт қарибиҳои субҳи вақти маҳаллӣ ба Толмачёво16 фуруд омад. Чун Абдумаҷидов ба ҷуз сумкаи сафарӣ, ки ҳатто онро дар бағоҷ насупорида буд, дигар боре надошт ҳамсафаронашро интизор нашуда, аз зинаи самолёт рост ба самти пеши фурудгоҳ омада, ба таксие нишаста, ба вокзали роҳи оҳан омад.
Баъди соате дар ҳоле, ки ҳанӯз рӯз нашуда буд, ӯ савори поезде ба самти шаҳри Новокузнетский ҳаракат дошт…
Дар нимаи дуюми рӯз ваколатдори кофтукови ҷиноятии ноҳияи Гулистон дар РКД шаҳри Новокузнетский буд. Муовини сардори раёсат ба ҳуҷҷатҳои овардаи вай шинос шуда, даст ба пешониаш гузошта, хело ба андеша рафт ва ниҳоят ба тарафи ӯ нигариста гуфт.
– Да, помню этот случай. По сей день это у нас на шее весить, случай то не простой…
Сипас, ӯ чанд тугмачаеро дар диски телефони рӯимизиаш зер намуда, баробари шунидани овоз аз самти муқобил гуфт:
– Зайдите ко мне ва гӯшакро ба ҷояш гузошт.
Баъди ду – се дақиқа марди тахминан сӣ сиюпанҷсолае вориди дафтари кории муовини сардори раёсат гашта, ба таври низомӣ худро муаррифӣ намуд:
– Майори милиса Селезнёв.
– Аркадий Петрович, меҳмон аз Тоҷикистон, шинос шавед.
– Аркадий Петрович Селезнёв.
– Абдумаҷидов Акбар Ҳакимович, – дасти мусоҳибашро фишурда гуфт ӯ.
Муовини сардори раёсати корҳои дохилӣ полковники милиса Капустин Александр Борисович Селезнёвро ба мақсади ташрифи Абдумаҷидов шинос намуда, супориш дод, ки Абдумаҷидовро ба рафти санҷиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи сӯхтори дар канори шоҳроҳи Новокузнетский – Новосёль рухдода дар охири моҳи декабри соли гузашта шинос намояд…
Дар ҳақиқат баъди шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои гирдовардаи РКД шаҳри Новокузнетский оид ба сухтори рӯзи 22 декабр дар ҷангали атрофи шоҳроҳи Новокузнетский сӯхтори мазкурро сӯхтори оддӣ номидан ғайриимкон буд. Ҳуҷҷатҳои гирдовардашуда аз он шаҳодат медоданд, ки ҷасади дар сӯхтори мазкур ба ҳалокатрасида ронандаи автомашинаи инкасатории яке аз бонкҳои саҳомию саноатии шаҳри Новокузнетский будааст, ки ду шабонарӯз пеш аз сӯхтор, яъне 20 декабр мавриди ҳуҷуми дастаи мусаллаҳе қарор гирифта аст.

пешина
аз 515
навбатӣ