Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҳуҷҷатҳои гирдовардашуда бо забони ҳол мегуфтанд, ки инкассатор Алексеев Николай Карпович ҳадафи тири ронанда Галиев Ренат Равилович гаштааст. Милиса бар он ақида буд, ки дар қитъаи муайяншудаи роҳ бо маслиҳати пешакӣ Галиев ҳамроҳашро парронда дӯстони навашро ба автомашина мешинонад. Субҳи рӯзи 21–уми декабр ба кормандони милиса муяссар мегардад, ки он автомашинаи сӯхтаи инкасаториро аз дарунтари ҷангал пайдо намоянд. Аз рӯйи серия ва рақами таппончаи дар автомашинаи сӯхтаи инкасатори ёфта, ба хулосае меоянд, ки дар дуздидан ва ба яғмо бурдани пул аз автомашинаи сӯхтаи инкасаторӣ худи Алексеев даст дорад, бехабар аз он ки ин саҳнаро баҳри милиса Галиев ва ҳамроҳонаш фикр карда баромадаанд…
Дар нимаи дуюми рӯзи 22 декабр нозири хоҷагии ҷангал Ковалчук В.И. ба милиса занг зада, аз сӯхтори автомашинаи ВАЗ 2108 рақами давлатиаш Д– 013 КА 24 РУС ва ҷисми сӯхтаи нафаре дар паҳлуи он хабар медиҳад…
Ҳангоми гузаронидани ташхиси анатомию биологӣ муайян карда шуд, ки шахси дар паҳлуи автомашинаи ВАЗ 2108 ба ҳалокатрасида аз рӯйи нишона ва хусусиятҳои индувидуалиаш ронандаи автомашинаи инкасатори Галиев Ренат Равилович аст, ки ду рӯз боз милиса ӯро чун ҷабрдида эътироф намуда буд. Милиса ба хулосае омад, ки Галиев бо ғоратгарон забон як намуда, дар ҷойи пешакӣ тарҳрезишуда ҳамроҳаш Алексеевро паронида ҳангоми оташ задании автомашина ӯро ба сари чанбараки рул шинонида ва баҳри ба чашми тафтишот хок пошидан таппончаи хешро бо таппончаи Алексеев иваз намудааст.
Аслан барои ба чунин амал даст задан Галиев асос ҳам дошт.
Охир дар автомашина маблағи қариб якуним миллион доллари амрикоӣ ё худ панҷоҳ миллион рубли русӣ буд. Шояд Галиев ба гӯшаи хотир ҳам наоварда буд, ки меҳмонҳои бо ӯ забонякнамуда аз худи вай дида чашмгуруснаву ҳаристаранд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ