Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Абдумаҷидов нишондоди Боҳир Қаюмро ба ёд оварда, онро бори дигар бо ҳуҷҷатҳои дар пешаш буда, қиёс намуд ва ба хулосае омад, ки маҳз ҳамдиёрони ӯ дар ин кор даст доранд…
Ҳарчанд нисбат ба ҳамзабонони хеш чунин андеша дилхарош буд, вале мутаассифона фактҳо худ гувоҳи ҳамин ҳол буданд ва ҳатто Абдумаҷидов бо ҳама донишу таҷрибаи хеш дар назди факту рақамҳо музтар монд.
Ҳодисае, ки имрӯз Абдумаҷидов бо он рӯ ба рӯ шуд, гувоҳи он буд, ки ҳамдиёронаш аз ягон чиз рӯй нахоҳанд гардонд.
Ӯ ҳаёти Боҳир Қаюмро боз бештар дар хатар дид. Бо рухсати Селезнёв ӯ ба Воҳид Камол занг зада, аз рафти корҳои ба сомон расонидааш сарвари ШКД–ро шинос намуда, талаб кард, ки назоратро дар беморхона ҷоноктар намоянд.
– Мо тамоми чораҳоро меандешем,– гуфт Воҳид Камол гӯшакро ба ҷояш гузошта.
Абдумаҷидов қарибиҳои шом ба меҳмонхонаи наздиктарин рафта, ба қавле куфти роҳро баровард. Охир ӯ қариб чил соат боз мижа таҳ накарда буд ва фаҳмид, ки бе истироҳати дуруст қобилитяи кор карданро аз даст хоҳад дод.
Сари субҳ боз ба РКД рафта, дафтари кории Аркадий Петровичро ба иҷора гирифт ва то нисфирӯзӣ нақшаю чорабиниҳои якҷояро рӯи коғаз овард.
Дар нимаи дуюми рӯзи дуюми дар Новокузнетский будан ӯ ҳамроҳи Селезнёв боз ба ҳузури Александр Борисович Капустин рафт ва назарияҳои хешро, ки дар нақшаи корҳои ҷустуҷӯи якҷоя омада буданд, баҳри тасдиқ ба муовини сардори раёсати корҳои дохилӣ пешниҳод намуд.
Чун нақшаю чорабиниҳои корҳои ҷустуҷӯйи, ки манфиатҳои ҳарду тарафро таҷассум намуда буд, ба муовини сардори раёсати милиса писанд омад, баҳри гузаронидани корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ рухсат дод. Ҳамчунин дар ин бора ба РКД шаҳри Новосибирск, ки узели асосии тамоми минтақаи Сибир ҳисобида мешуд, тариқи почтаи электронӣ хабарнома фиристода шуд, ки дар он пурсида мешуд, ки баъди 22 декабр то 5 январ тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва оҳан чанд нафар аз минтақаи Новосибирск ба Тоҷикистон азми сафар намудаанд. Капустин ҳампешаҳои дар Новосибирск будаи хешро ҳушдор намуд, шахсе, ки онҳо ҷустуҷӯяш доранд аз рӯйи маълумотҳои гирифташуда, аввали исми худ ё падараш ҳарфи «Ф» –ро доро буда сину солаш на аз сӣ болост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ