Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тайи ду шабонарӯзи дигар Абдумаҷидов аз дафтари кории Селезнёв қариб, ки берун нашуд. Ӯ ҳар як хабари дар асоси нақшаи умумӣ ба милиса воридшударо мавриди таҳлил қарор медод. Дар ду шабонарӯз дар таҳлили он қадар маводҳо даст зад, ки ба кори якмоҳааш дар ноҳияи Гулистон рост меомад.
Бо супориши муовини сардори РКД шаҳр полковники милиса Капустин А.Б. тамоми милиса сари по рост буд. Эҳтимол дар як моҳи охир тамоми ҳайати шахсии милисаи шаҳр асрори ғорат намудани автомашинаи инкасаториро, ки ба яке аз бонкҳои саҳомӣ сохтмони маблағи калони пулӣ мебурд ҷӯё буд ва баъди ташрифи намояндаи милисаи тоҷик ки ӯ низ риштаеро аз ҳодисаи дар кишвараш рухдода аз ҳамин ҳодиса ҷӯё шуд, милисаи шаҳри Новокузнетский пайвастагиеро дар ҳар се ҳодиса, аз ҷумла ҳодисаи ғорат намудани автомашинаи инкасаторӣ, сӯхтори автомашинаи ВАЗ–2108 рақами давлатиаш Д– 013 КА 24 РУС, ки аз назди меҳмонхонаи Сибири шаҳри Новосибирск ба яғмо бурда шуда буд, бо ҳодисаи дар кӯчаи Сулҳи шаҳри Душанбе рухдода дарёфт.
Ҷиноятор дар ҳама ҳолат миллату мазҳабро сарфи назар мекунад ва чун гург ба рамае мезанад, ки он аз мадди назари чӯпон дур монда. Дар ҳодисаи ғорат намудани автомашинаи инкасаторӣ худи чӯпон бо гург ҳамақида гашту бехабар аз он, ки гург гург аст…
Дар ин ду рӯзе, ки Абдумаҷидов ба таҳлили ному насаби шахсоне, ки бо ҳарфи «Ф» исми худашон ё насабашон сар мешуд ва дар моҳи декабр дар минтақаҳои гуногуни Сибир кору фаъолият менамуданд, зиёда аз ҳаштод номро дарёфт. Аз Фозил то Фозилпур. Дар ин муддат расми кашидаи рассом Қурбон Сафол, ки Абдумаҷидов нусхаи компютерии онро бо худ оварда буд, бо адади зиёде рўи чоп омада, ҳамчун ҷинояткори дар ҷустуҷӯ буда, ба мади назари аҳолии шаҳр бароварда шуд. Расми ҷинояткори ҳанӯз бе ному насаб дар ҷойҳои сераҳолии шаҳр овехта шуда буд ва аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешуд, ки дар сурати шинохтани шахсе, ки расмаш ба «тамошо» гузошта шудааст, тариқи телефони 02 ба милиса занг зананд…

пешина
аз 515
навбатӣ