Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин муддат зангҳои телефонӣ ҳам кам набуданд, вале аз рӯйи сину сол ва нишонаҳои эълон шуда зангҳо ба талабот ҷавоб дода наметавонистанд.
Худи Александр Борисович Капустин ҳар ду – се соат пас ба дафтари кории Селезнёв занг зада, аз натиҷаи кор пурсон мешуд. Маълум буд, ки ҳамдиёрони мо ғубори зиёдеро ба сари милисаи ин шаҳри саноатии Сибир овардаанд.
Бегоҳӣ Абдумаҷидов боз ба меҳмонхона омад. То кунун сафари ба Новокузнетск намудаи вай натиҷае надода буд, вале аз ҷаҳду талошҳои якҷоя ӯ умед ба анҷоми неки амалиёт дошт. Аз меҳмонхона ба хона занг зад. Худи Наталя Василевна гӯшакро бардошта, аз аҳволи Далер ва Абдумаҷиди хурдакак шавҳарро огоҳ намуд. Сипас, Далер бо падар суҳбат намуд ва бо ҷаҳду талошҳои модар Абдумаҷид ҳам чанд сухане ба забон овард.
Суҳбати телефонӣ бо пайвандон таъби ӯро хело болида сохт…
Абдумаҷидов дар танҳоӣ боз сари ҳамон масъалае баргашт, ки аз рӯйи он ҳазорҳо фарсах роҳро пушти сар намуда омада буд. Ӯ гумон дошт, ки ёфтани шахсе, ки ҳарфи аввали исми худаш ё насабаш бо ҳарфи «Ф» оғоз мешавад осон аст, бехабар аз он ки дар ин ҷо ҳам ҳазорон нафар ҳамдиёрону ҳамзабонони ӯ чун мурчагон дар пайи ризқу рӯзии хеш даву тоз доранд. Албатта, дар байни он ҳазорон нафар мардони баору номус, ки бо меҳнати ҳалол баҳри рӯзгори хеш маблағе пасандоз мекунанд, кам набуданд ва боз буданд курнамаконе, ки нони ин мардумро бо ҳам дида ба дастархонашон туф намудаанд.
Носипосонро Олоҳ таъоло хам дӯст намедорад, хонда буд ӯ дар кадом як ҳадисе ва ба хулосае омад, ки оқибат дӯсти дӯсти губернатор ё худ дӯстдоштаи «Фиалка» дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Бо ҳамин фикру андешаҳо Абдумаҷидовро хоб бурд…
Сари субҳи ӯ боз ба милисаи шаҳрӣ рафт, бехабар аз он ки ӯро имрӯз муваффақият дунболгир аст. Абдумаҷидов боз вориди дафтари кории Селезнёв гашта, ба хондану таҳлили хабарҳои дохилшуда камар баст…

пешина
аз 515
навбатӣ