Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

… 47 …

– Ҳа, Ёсинҷон, ин қадар камнамо шуда рафтед?
– Тайёрӣ ба сессияи зимистона.
– Чӣ сессияро тамом кардед?
– Тамом– ку не, вале киса чун холӣ шуд боз ба кор омадам.
– Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад, гуфтани мардум беҳуда набудааст.
– Ҳамин хел аст ва мо низ то ба пойи худ равон гаштем саргардон шудем.
– Ҳоло ин ҷо чанд вақта мемонед?
– Намедонам, мумкин ду рӯз, мумкин каме зиёдтар, акнун ман аз онҳое, ки дар рӯзи сахт дастам гирифтанд қарздорам.
– Яъне, ки худат ба ҷойи вай дӯстонат меистӣ?
– Бале.
– Ҳа, як рӯз, як духтарак ба дастам номае дод то ба дасти ҳамин бемор расонам. Он вақт ба худат гуфтам – ку, вале гуфтӣ даромадан мумкин нест
– Ҳа, гуфтам.
– Ҳоло чӣ?
– Ҳоло ҳам, вале метавонӣ он номаатро биёрӣ, ман худам ба дасташ медиҳам.
– Не, Ёсинҷон даст дастро мепурсад, ба замми ин вай аз духтараки зебоест, он кас аз ман хоҳиш намуданд, ки…
– Хоҳиш намуданд, ки чӣ?
– Хайр худат бояд фаҳмӣ – да…
– Чӣ гумон доред, ки ман он номаро мехӯрам?
– Хурдан – ку не, вале нома чӣ хеле, ки мегӯянд махфӣ, номаи маъшуқ ба ошиқ.
– Хайр чӣ ман онро нияти хондан ҳам надорам.
– Рафту…
– Не, ман аниқ онро намехонам, шумо онро биёред, тамом ва салом…
– Агар ман худам онро ба дасти он кас диҳам чӣ?
– Не, ин хел шуданаш мумкин нест.
– Чаро?

пешина
аз 515
навбатӣ