Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чунки ман бояд ду – се сухани дигар ҳам аз забони оне, ки баҳри беморе, ки шумо гирдашро чун девори бузурги Чин печонидаед, гуфта диҳам.
– Шумо Сороҷон ҳамон суханони гуфтаи вайро ба ман гўед, ман бе ягон шикасту рехти зиёдатӣ онро ба гӯши бемор мерасонам.
– Не, ман ба амонат хиёнат карда наметавонам. Ба замми ин ҳар гоҳ, ки он духтаракро мебинам, мехоҳам аз чашмаш худро паноҳ гирам.
– Чаро?
– Охир ман ба ӯ ваъда додам, ки ҳатман номаашро ба дасти дилдодааш мерасонам.
– Хайр ба вай фаҳмонед, ки гирди дилдодааш чун девори бузурги Чин мустаҳкам ва шумо имконияти шахсан бурда додани номаро надоред.
– Дар беморхона кор кардаю ба назди бемор даромада натавонӣ ё тавба.
– Худат медонӣ Сороҷон, ки ин бемори гуфтагиат бемори махсус ва барои ба назди вай даромадан рухсатномаи махсус лозим.
– Аз куҷо?
– Аз прокуратура ё аз милиса фарқаш нест. Чунин рухсатнома бошад даромада бо вай суҳбат мекунӣ.
– Ҳа, дар воқеъ чаро ҳамон духтараке, ки бо ман номаро дод рафта чунин рухсатнома намегирад?
– Намедонам, ман чи хеле, ки худат хабар дорӣ, чанд рӯз боз набудам.
– Эй, Ёсинҷон, ин қадар тарсончак будаӣ.
– Чӣ ҷойи тарсу ваҳм, маро гуфтанд, ки ба назди бемор танҳо онҳоеро рухсат бидеҳ, ки рухсатнома доранд. Рухсатномаатро биёру даромада суҳбат намо.
– Худо кори ҳеҷ касро ба милисаю болниса набарад. Мардумон беҳуда намегӯянд, ки: – менты не кенты.
– Ин масал ба ман дахл надорад, ман милиса набошам.
– Милиса ҳам набошӣ рафторат ба милиса монанд, мефаҳмӣ?

пешина
аз 515
навбатӣ