Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Соро гӯш кун худат одами хурд нестӣ, наход нафаҳмӣ, ки баҳри супоридани як нома маро аз кор пеш мекунанд.
– Кӣ мефаҳмад?
– Девор муш, муш гӯш дорад ё ҳамин чизи оддиро аз ёд баровардаӣ?
– Ман бадии туро намехоҳам Ёсинҷон.
– Ташаккур. Акнун ман ҳам бовар мекунам, ки чун худат як дӯсти бовафое дорам.
– Агар хоҳӣ, ки ҳамеша дар дилу дидаи ман маскан дошта бошӣ биё рухсат деҳ, ки ман бурда он номаро супорам.
– Танҳо имрӯз не.
– Чаро?
– Чунки ман нав омадам. Ман бояд фаҳмам, ки дар дунё чӣ гапу хабар мефаҳмӣ?
– Чияш нофаҳмо?
– Пасфардо ман боз навбатдор, шабона ягон илоҷ намуда туро оҳиста ба назди бемор медарорам. Ё ту пас фардо дар кор нестӣ?
– Ман ҳам навбатдорам. Ҳа, дар воқеъ ман метавонам ягон хӯрок ё нӯшокӣ барои бемор биёрам.
– Агар ваъда диҳӣ, ки барои ман ҳам мебиёри ва боз ҳамроҳи банда сари миз нишаста, хайр худат мефаҳмӣ…
– Ман розӣ Ёсинҷон, вале нашаваду…
– Сухани мард як то, пасфардо фаҳмидӣ…
– Ман ба ту бовар мекунам Ёсинҷон, – гӯён Соро Азимова аз назди донишҷӯи таҷрибаомӯз, ки пеши дари палатаи ҳафтуми ошёнаи сеюми беморхонаи шаҳрӣ сари миз менишаст дур шуд.
Дирӯз командири ротаи хизматӣ патрули пайраҳадорӣ майори милиса Амриалӣ Маҳмадов милитсионер Ёсин Сафоро ба наздаш хонда супориши аз Воҳид Камол гирифтаашро ба самъаш расонд.
Баъди рафтани ҳамшираи шафқат Ёсин Сафо ба хулосае омад, ки Соро Азимова пасфардо худро бо дасти худаш ба милиса месупорад… Баъди ду соат гузориши Ёсин Сафо оид ба вохӯриаш бо Соро Азимова болои мизи кории сардори ШКД меистод…

пешина
аз 515
навбатӣ