Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

… 48 …

– Шӯхӣ ба онҳо ин баробари бо шохи гов бозӣ кардан аст,
– ба ёд овард Соро суханони ду рӯз пеш гуфтаи дугонаашро.
– Эй Бунафша, Бунафша, маро ту кӣ шумурдӣ? Не, ман ҳамин хел осонакак он пули ба даст афтидаро аз даст доданӣ нестам. Сар медиҳаму пулро не. Аз сабр кардан ғура ҳалво мепазад, бубин дар як нигоҳ дили Ёсинҷонро чӣ хел нарм намудам. Бечора Ёсинҷон аз куҷо медонад, ки бандаро чӣ савдоест дар сар. Ба фикрам баъди ташрифи банда дастони ӯро кишан зада мебаранд, ин дар ҳоле, ки вай бемор баҳри давлат ягон қадру қимате дошта бошад, дар акси ҳол ҳамааш баръакс хоҳад шуд. Сари кафида тайи тоқӣ беҳтар гуфтаанд ва милиса ҳам намехоҳад аз шикасти хеш ҷор занад. Чӣ ҳам мегуфтанд агар касе қасди ҷони бемор намуд аз девори ҳафтқабата, ки аз девори бузурги Чин ҳам мустаҳкамтар буд, гузашта корашро кардааст. Не, сирри мардон пӯшида, ё чи хеле ки мегӯянд сари кафида таги тоқӣ буданаш беҳтар. Охираш ман Ёсинҷонро аз ҳаллоҷӣ мегузаронам, чунон мегузаронам, ки ӯ номи бандаро дар саҳфаи дилаш бо ҳарфҳои заррин сабт намояд. Дар он сурат ӯ ҳаргиз номи бандаро ба забон нахоҳад овард. Оё беҳтар нест, ки ӯро барои хунукназарӣ ба ҷавобгарӣ кашанд, аз оне ки ба вай моддаи таҷовуз ба номусро раво мебинанд. Шояд кор то ба ин дараҷа ҳам нарасад ва аз рӯи як мурда ду зиндаро ба азоб ҳам гирифтор накунанд. Баъди дидани ҷисми сарди бемор, албатта хулосаи нағз баҳраш меёфтагистанд, то қимати мақомоти хешро нарезанд. Ёсинҷон гумон дорад, ки банда ба донишҷӯ буданаш бовар намудам, шояд донишҷӯ ҳам бошад, вале ба фикрам бо милиса ҳам сару кор дорад.
– Рафту хабаркаши милиса бошад чӣ?
– Агент?
– Не, чунин ҷавони дар ботину зоҳир зебо ҳаргиз агент ё худ хабаркаш шуданаш мумкин нест.
– Рафту боз…, нидо омад аз қалбаш.
– Не, ӯ ҳаргиз хабаркаш набуд, нест ва намешавад, наход бо ҳамон симои Юсуфмонанд боз хабар ҳам кашад ва Зулайхоро ба бало гирифтор намояд…

пешина
аз 515
навбатӣ