Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар осмони то кунун софу беғубори хаёлоташ тираабри сафеде падид омад. Ба ҳама хурдию ноҷинсии хеш он пораи абри сафед замин ва заминиёнро аз нурҳои рӯҳафзуни хуршеди ховар ҷудо кардан мехост.
Не, ӯ дар ҳақиқат пораи абри замири вай буд, ки чун худаш ба муқобили ҷараёни зиндагӣ қадам гузоштан мехост. Албатта, бе ранҷ ганҷ муясар намешавад ва Соро Азимова дар пояи он ганҷи бузурге меистод. Барои ин ӯ асос ҳам дошт, чунки ӯ тавонист духтур не, дурустараш донишҷӯи таҷрибаомӯзро ба худ ҷалб намояд. Ҳатто ӯ розӣ шуд, ки банда метавонам ба ҷуз он номае, ки бо худ дорам боз баҳри он бемор хӯрок ва нӯшобае ҳам барам. Дар ҳоле, ки ин тарафи масъала ҳал шудааст, пас чаро ман маблағи иловагӣ талаб накунам. Фарз намудем боз ду ҳазор доллар. Рафту агар Бунафша аз ин ҳиссаи банда баҳри хеш қисмеро пинҳонӣ пасандоз намуда бошад, акнун вақти он расидааст, ки ман ҳақи ҳалоли хешро талаб намоям. Дар он сурат Бунафша дуюмбора ба назди онҳое, ки қасд ба ҷони бемор намудаанд нахоҳад рафт ва аз ҳамон ҳиссаи пинҳон намудааш баҳри ҳарчи тезтар иҷро шудани он амале, ки боло мехоҳад боз қисмеро бо ду дасти адаб ба банда оварда медиҳад.
Нияти нек ними давлат гуфтаанд ва маҳз ҳамин фикру андешаҳои дар ниҳодаш пайдошуда таъби ҳамшираи шафқатро болида гардонд. Оҳ, ӯ чи қадар мехост, ки боз ин ду шабонарӯзи дигар ҳам тезтар сипарӣ шаванд…
Пеш аз талоши охирин, ки мисли ҳуҷуми охирини ҷанг аз ҳама душвортар аст, ҳамшираи шафқат мехост, ки андешаҳои хешро ба гӯши онҳое, ки марги беморро аз палатаи ҳафтум ба нақша гирифтаанд, тариқи Бунафша, ки гоҳ–гоҳ номи хешро дар тарҷума ҳам ба забон меорад ба онҳо расонад.
Ба ҳамин хотир ӯ тариқи телефони мобилӣ ба дугонааш занг зада, вохӯрии таъҷилиро талаб намуд…
… 49 …

Ба гузориши нозири минтақавӣ Анисимов Сергей Павлович расме илова карда шуда буд. Маҳз ҳамин расм таваҷҷӯҳи
майори милиса Абдумаҷидовро бедор кард. Охир дар расм
ҳамон духтараке аксбардорӣ шуда буд, ки Боҳир Қаюм дар борааш сухан гуфта буд.

пешина
аз 515
навбатӣ