Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ӯ чашм аз навиштаҷоти болои расм намеканд: – «Любимому на вечную память от Фиалки» «Ф» + «Ф» = «Л». Танҳо баъд аз тамошои он расми асрорангез Абдумаҷидов ба қироати гузориши Анисимов пардохт. Дар гузориш хабар дода мешуд, ки нафақахур Анастасия Андреевна Журавлёва сокини кӯчаи академик Келдиш расми нафареро, ки милитсияи шаҳри Новокузнетский дар ғорат намудани автомашинаи инкасаторӣ аз 20 декабр гумонбар аст, дида ба пункти такягоҳи рақами 5 омада хабар дод, ки ҳарчанд ба дурустии тахминҳои хеш боварӣ надорад, вале шахси дар расм аксёфта аз рӯйи нишонаҳояш як шиноси вайро ба ёдаш меорад. Аз рӯи нишондоди Журавлева номи он шиносаш Фёдор ё худ Фаррух аст. То кунун ӯ баъзе ашёву анҷоми рӯзгорашро набурдааст.
Фаррух шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ҳамин расм дар девори ҳуҷраи иҷоравии вай маҳкам карда шуда будааст ва Журавлёва онро ҳамчун далели шайъи ба милитсия пешниҳод намудааст…
Соате пас Абдумаҷидов ҳамроҳи Анисимов ва Селезнёв меҳмони Анастасия Андреевна шуданд. Пиразан дар қабати дуюми бинои панҷошёна зиндагӣ доштааст. Хонаи дуҳуҷрадор.
Дар як ҳуҷрааш худаш зиндагӣ намуда, дигарашро аз тангии рӯзгор ба иҷора додааст. Баъди бо асли воқеъа огоҳ шудан пиразан гуфт:
– Дирӯз дар назди мағозаи хӯрокворӣ мардуми зиёдеро дидам, ки пеши оинаи калони мағоза сари расме, ки ба оина маҳкам карда шудааст, баҳс доранд. Наздиктар рафта, дурустар нигоҳ кунам, ба иҷоранишини худам як себи дукафон. Ба ростӣ бовар накардам, вале чун мардум гуфтанд, ки шахсе, ки аксашро мебинед, ҷинояткори хавфнок аст, тарсидам. Ба хона омада, ҳамаи ҳуҷраашро такуру намудам, вале ба ҷуз ҳамон расме, ки ба дасти Сергей Павлович додам, дигар нишоне аз ӯ наёфтам. Он расмро ӯ ҳамеша дар бағалкисааш мегардонд, намедонам чаро пеш аз рафтан бо худ нагирифтааст.
– Бори охирин кай ӯро дидед? – пурсид Селезнёв.
– Тахминан як ҳафта пеш аз соли нав.
– Насабашро намедонед?
– Дар дафтарчаам навишта будам, вале дирӯз ҳар қадар онро кофтам пайдо карда натавонистам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо