Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Дар куҷо монда будед?
– Дар болои ҷевони ошхона. Ман хеле кам аз он истифода мебурдам.
– Дар бораи он расм чӣ мегуфт.
– Мегуфт, ки ин акси маҳбубаам. Номаш ҳам зебост.
– Ба ҷуз вай боз кӣ ба ин ҷо меомад?
– Ҳеҷ кас.
– Ягон нишонаи махсус дошт ба суҳбат ҳамроҳ шуда пурсид Абдумаҷидов.
– Ҳа, дар байни ангушти калон ва дуюмаш аз тарафи пушти даст ҳарфи «А» навишта шуда буд.
Дар бораи он навиштаҷот ягон чиз напурсидед?
– Не.
– Дар намуд ӯ ба осиёиҳо монанд буд ё ба аврупоиён?
– Ба аврупоиён шабеҳи бештаре дошт. Чашмонаш чун осмони соф буданд.
– Шумо шиносномаашро бо чашми хеш дидед?
– Ҳа, гуфтам – ку ман ҳамаи маълумотномаашро ба дафтарчаам сабт намуда будам.
– Ва чӣ хеле, ки гуфтед дафтарча гум шуд?
– Охир ман аз куҷо медонистам. Ба замми ин Фаррух ниҳоят ҷавони нағз буд. Ба ростӣ ман ба ӯ чун модар меҳр баста будам. Ҳа, дар воқеъ ӯ гоҳ–гоҳ бандаро бо меваҳои Тоҷикистон меҳмондорӣ мекард. Тирамоҳи сол гузашта ба ман чанд дона анор овард. То кунун мазаи шарбати он анорҳо аз даҳонам нарафтааст. Харбузааш низ ҳамчунин. Дар қиёс бо меваҷоти бозор, ки аксаран озарҳо ва арманиҳо мефурӯшанд, фарқашон аз замин то осмон…
Дар ҳуҷраи иҷоравии иҷоранишини бе калому пайём ғайбзада ба ҷуз як палтои нимдошт, як ҷуфт туфли тобистона ва як пар либоси тагпӯшу чанд маҷаллаи ҳарҳафтаинаи «Мегаполис Экспресс» дигар чизе ёфт нашуд.
Ба суоли кормандони милиса, ки оё Анастасия Андреевна гуфта метавонад, ки шаби 19 ба 20 ва шаби 21 ба 22–юми декабри соли гузашта иҷоранишинаш дар хона буд ё не Журавлёва ҷавоби дақиқу саҳеҳ гуфта натавонист. Аз суханони пиразан бармеомад, ки иҷоранишин дар давоми моҳ аз се як ҳиссаашро дар хонаи Журавлёва мегузаронд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо