Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Боқимонда рӯзу шаб дар куҷо ва бо кӣ буд, ӯ намедонист. Нишондоди Журавлёва тариқи протоколи пурсиши шоҳид ба расмият дароварда шуд ва кормандони милиса Анастасия Андреевнаро огоҳ намуданд, ки рафту агар нохост собиқ иҷоранишинаш баргардад ва ё дар ягон ҷо ӯро бинад вонамуд созад, ки ягон хабаре дар бораи вай намедонад ва ҳамзамон илоҷашро ёфта, ба милиса занг занад…
Баъди бозгашт ба РКД шаҳри Новокузнетский майори милиса Абдумаҷидов баҳри идорааш ҳисоботи фишурдаеро тартиб дода, тариқи почтаи электронӣ ба ШКД ноҳияи Гулистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи полковники милиса Воҳид Камол ирсол намуд. Ба ҳисобот ҳамчунин расми асрорангези Фиалка ҳам ҳамроҳ карда шуд.
Баъди ду соат Абдумаҷидов аз номи Воҳид Камол номаи ҷавоби гирифт, ки сарвари милисаи ноҳияи Гулистон ӯро ба таври расмӣ аз сафари хизматӣ бозхонада буд. Абдумаҷидов ба хулосае омад, ки Воҳид Камол намехоҳад бе иштироки вай амалиётро ба анҷом расонад. Ҳамин ҳолат ӯро ӯҳдадор месохт, ки ҳарчи тезтар ба Ватан баргардад. Тайи ин панҷ шабонарӯзи дар минтақаи Сибир будан, ӯ ҳатто соате аз кор фориғ набуд.
Бисёр мехост, ки ақалан як ё ду рӯз дар ин шаҳри тараққикардаи саноатӣ сайру гашт намояд, вале боз суханони таҳқиромези генерал Абдуллоевро: – «Барои ночиз коре майли тамошои Россия доред гӯй» – ро ба ёд оварда дилаш таҳ кашид…
Бо ёрии полковник Капустин А.Б. ӯ ба субҳи рӯзи 25.01…
барои парвоз билет гирифт…
… 50 …
– Тинҷӣ– мӣ?
– Тинҷӣ, тинҷӣ.
– Боз чӣ гап?
– Вай боз ду ҳазор доллар пурсидааст.
– Барои кадом корнамоиҳояш?
– Ӯ алакай бо яке аз он нафароне, ки палатаро муҳофизат мекунад, гапро пазонидааст. Вай ваъда додааст, ки пасфардо шабона эҳтимол баъди шом рухсат медиҳад, ки ҳамшира беморро «зиёрат» намояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо