Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Тавоф, гӯй, тавоф.
– Чаро имрӯз нею пасфардо?
– Намедонам, вале ба фикрам ҳамин пул барои вай лозим шудааст.
– Гӯш кун, пул – ку дарди бехайр, вале оё ту кафолат медиҳӣ, ки кор ба некӣ меанҷомад.
– Не, мо таваккал мекунем ва ба ҷуз таваккал моро дигар роҳе нест:

Рав таваккал кун, биҷунбон пову даст,
Ризқи ту аз ту ба ту ошиқтар аст17.

ҳамин хел?
– Не, дар ҳоле, ки мо қарор дорем таваккал ба баҳои сар баробар аст.
– Ҳа, дар воқеъ ту дар кӯчаи академик Келдиш дар хонаи вай пиразан чӣ буд номаш?
– Настя– хола.
– Ҳа, дар хонаи Настя хола ягон нишоне аз худ нагузошта будӣ?
– Ман гуфтам ку дафтарчаи кампирро, ки ному насаби бандаро барои рӯзи мабодо сабт намуда буд, аз болои ҷевони ошхонааш пеш аз ба ин ҷо омаданамон дуздида оташ задам.
Дар ҳуҷраи хобам ба ҷуз он палтои нимдошт, як пар либоси тагпӯш ва як ҷуфт туфлиии тобистона дигар чизе набуд. Не, ман мехостам даромада ҳамон чизҳоро ҳам гирам, вале андешидам, ки мабодо бо ин амалам шубҳаи кампирро зиёд накунам, – гуфт бо овози шунаво, вале дар дилаш худро баҳри он мазамат намуд, ки расми Бунафшаро аз саросемагӣ фаромӯш намуд…
– Хайр бало ба паси ҳамон либосҳои кӯҳна. Ба фикрам дар ҳарду амалиёт ҳам мо ба хаттое роҳ надодем, ки боиси ташившу изтироб бошад.
– Ба фикрам ҳамин хел аст, амалиёти якумро худи Ренат ба анҷом расонд ва дуюмашро мо.

пешина
аз 515
навбатӣ