Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Кӣ медонист, ки дар он субҳи содиқ ин спортсмени ҳамдиёрамон аз рӯ ба рӯямон мебарояд.
– Хайр ҳамагӣ шуда то пасфардо интизор шудан лозим.
Масъалаи маблағи пурсидаи ҳамшираи шафқатро чӣ кунем.
– Ман розӣ муҳимаш, ки кор ба некӣ анҷом ёбад.
– Ҳамааш нек мешавад.
– Аминам, вале…
– Не, агар розӣ набошед, ҳоло ҳам дер нашудааст.
– Дар масъалаи пул ман зиддияте надорам.
– Пас чист, ки боиси изтироби шумо гашта?
– Рафту он ҳамшираи шафқатро дастгир намоянд чӣ?
– Охир ки аз вай гумонбар мешавад, ба замми ин ҳаргиз милиса ба пойи хеш теша намезанад – ку.
– Нафаҳмидам.
– Ба андешаи он ҳамшираи шафқат атрофи беморхона чун девори бузурги Чин муҳофизат карда мешавад. Модоме, ки шахсе аз чунин девор гузаштаву қасд ба ҷони оне, ки худи милиса бехатариашро ба дӯш гирифтааст, намуд кори милиса чӣ мешавад.
– Тогда грошь им цена.
– Ҳамин ҳолат ба нафъи худи мост.
– Боварӣ ҳаст, ки ҳолатҳои бехатариро аз ёд набаровардаӣ?
– Осуда бошед, он кас дар бораи мо чизе намедонад.
– Вале арӯс медонад.
– Арӯсро ба ҷуз дар зери нойи банда рақс намудан дигар чорае нест.
– Шояд барои ҳамин суханони некат, панҷто панҷто…
– Ташакур, ягон вақти дигар, акнун арӯс маро интизор, гӯён баъди гирифтани пул Фаррух кулбаи шефро тарк намуд…

… 51 …

Гурӯҳи назорати беруна, ки аз рӯйи реҷаи оперативӣ амал
мекард супориш гирифта буд, ки ҳамаи онҳоеро, ки бо ҳамшираи шафқати беморхонаи шаҳрӣ Соро Азимова ба алоқа мебароянд пинҳонӣ ба навор гиранд ва дар давоми як шабонарӯз ҳисоботи хешро ба ШКД пешниҳод намоянд.

пешина
аз 515
навбатӣ