Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Дар ҳамин муддат Соро Азимоваро бо шасту ду нафар афроди касбу корашон гуногун аксбардорӣ шуда буд. Чун гурӯҳ имконияти сабти овози Соро Азимова надошт аксҳои безабон шарҳи дили хешро ифшо карда наметавонистанд. Аз ҳамаи он нафароне, ки бо ин ё он сабаб ҳангоми суҳбат бо Азимова ба навор афтида буданд, суҳбат намудан ҳам маъние надошт. Суҳбат намудан имконият ҳам дошт, вале ин амал метавонист Азимоваро ҳушдор созад, ки дар зери назорат аст. Новобаста аз ин милиса аз болои ҳар як шахси ба навор афтида ба таври оперативӣ маълумот ҳам гирд оварда метавонист, вале ҳамаи ин вақту соати муайянро талаб мекард. Умуман, аз рӯйи мантиқ ягон нафаре аз он шаҳрвандони ба навор гирифта шубҳаи милисаро бедор накард ва дар авҷи ҳамин ҷаҳду талошҳо…
Ҳисоботи фишурдаи Абдумаҷидов аз шаҳри Новокузнетский ба ҳамаи ин дарди бедавои милиса малҳам шуд.
– Ҳамаи инро сабаб он буд, ки ҳангоми муқоисаи акси духтараке, ки тариқи почтаи электронӣ ба ҳисоботи фишурдаи Абдумаҷидов ҳамроҳ шуда омада буд, дар наворҳои гирифтаи милиса ҳам аксбардорӣ шуда буд ва на як бор.
– Мутасадии ин амал подполковники милиса Наврӯз Умар, ки баъди ба ноҳияи Сино ба кор гузаштани Мӯсоев Масрур ба таври ростхата ба сардори ШКД итоат мекард, худаш акси аз Новокузнетский омадаро чанд бор бо расмҳои бо роҳи пинҳонӣ гирифташуда муқоиса намуда, сипас он расмҳоро гирифта ба назди Воҳид Камол рафт.
– Ба фикрам ягон хабари хуш овардед, – ӯро дидан замон гуфт сардори ШКД.
– Аз куҷо фаҳмидед?
– Аз чеҳраатон, бо чунин чеҳрае, ки шодию ғамро дар хеш ниҳон дошта наметавонад, дар милиса кор кардан душвор.
– Ман бошам кор карда гаштам – ку.
– Ба ростӣ мегӯям, чеҳраатон ҳамеша ифшогари рози дили шумост, хуш чӣ хабари неке овардаед?
Наврӯз Умар расмҳои бо худ овардаашро аз ҷузвдони қоғазини дар дасташ буда болои мизи сардори ШКД гузошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо