Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Воҳид Камол хеле ба он аксҳои дар пешаш буда чашм дӯхт ва сипас ба навиштаҷоти пушти он расми аз Новокузнетский омада ва бо овози шунаво он навиштаҷотро баҳри Наврӯз Умар бихонд: «Любимому на вечную память от Фиалки» ва лаҳзае таваққуф намуда, боз суханашро давом дод «Ф» + «Ф»
= «Л», ух ты вот это любов, ё гапам нодуруст.
– Мутлақо дуруст.
–Ман бошам алакай гузоришамро барои аз вазифа рафтан навишта монда будам. Ин Абдумаҷидов оқибат маро боз аз роҳ гардонд, – хандида гуфт Воҳид Камол.
– Мӯсоев рафт, шумо ҳам равед ин чӣ мешавад?
– Ба рости ман хело кӯшидам, ки Масрур Мӯсоевич наравад, вале ба гапам гӯш накард. Ба фикрам ба ин кор худи муовини вазир Абдуллоев даст зада буд.
– Чӣ ҷойи афсӯсу надомат, модоме, ки вай худаш нахост.
– Ҷавони бад набуд, ба ҷуз оне, ки ҳеҷ гапро дар дилаш нигоҳ дошта наметавонист. Модоме, ки рафт Худо барори кораш диҳад. Хуш кӣ будааст ин Фиалка?
– То ҳозир шахсияташро муайян накардаем, вале дар давоми рӯз ин масъала ҳали мусбии хешро хоҳад ёфт.
– Лаҳзае пеш аз омадани шумо муфаттиши прокуратура занг зада буд, вай ҳам аз натиҷаи корҳои ҷустуҷӯи чандон розӣ нест, мегӯяд, ки дар ҳоле, ки Акбар Ҳакимович дар сармои қаҳратуни Сибир ларзида аз пайи кор аст, боқимонда ҳайати шахсӣ ин ҷо дастҳоро болои ҳам монда шиштаед.
– Акбар Ҳакимович нисбат ба вай эҳтироми беандоза дорад, шояд аз ҳамин сабаб бошад.
– Намедонам, вале ба кор чун занбури асал ба ширинӣ часпидааст, рӯзе ду – се маротиба занг зада, аз натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ пурсон мешавад. Набошад, ин расмҳоро аз нав чоп намуда, ба дасти ҳамаи онҳое, ки дар ин амалиёт сафарбар шудаанд як донагӣ диҳед. Боз чӣ?
– Мехостам аз қафои Фиалка ҳам назорати берунаро рухсат диҳед.
– Шумо аввал шахсияти вайро муайян намоед, пас ягон фикр мекунем, ҳарчанд дар ротаи Маҳмадов дигар милиса ҳам нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо