Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Рухсат диҳед аз пайи иҷрои супориши шумо шавам, – аз ҷой бархеста ба таври низомӣ иҷозати рафтан пурсид Наврӯз Умар.
– Амал намоед! Ҳа, дар воқеъ фаромӯш насозед, ки ҳамон «Любимий» ин духтарак ба ҷуз оне, ки фазои идораи моро вайрон намудааст, боз дар ду ҷинояти калони Россия низ шарик аст. Лозим шавад аз дигар сохторҳо низ баҳри гузаронидани амалиёт ёрӣ мепурсем.
– Ба фикрам қувваи худамон басанда аст.
– Чӣ хел басанда? Баъди рафтани Абдумаҷидов се рӯз пас он милитсионерро пайдо намудем. Ба гуфти командири рота Ёсин Сафо ба Кӯлоб рафта будааст.
– Бе рухсат?
– Не, бо рухсати командири ротааш.
– Пас чаро вайро ба таври таъҷилӣ даъват накарданд?
– То вайро даъват намуданд, ки як рӯз сипарӣ шуд, рӯзи дуюмаш бо кадом сабабе ӯ дар роҳ мондааст, субҳи рӯзи сеюмаш омад ва баъди оне, ки банда командирашро дуюмбора гӯшмол додам, вайро ба беморхона фиристод…
Баъди рафтани Наврӯз Умар сарвари ШКД боз дар танҳоӣ монд ва аз рӯи одати ҳамешагӣ тамоку даргиронд. Фардо субҳ Абдумаҷидов аз Новосибирск бармегардад, рафту агар бо ягон сабабе парвози самолёт боздошта нашавад, Абдумаҷидов чанд соат пеш аз амалиёте, ки Ёсин Сафо тарҳрезӣ намудааст, дар ин ҷо мешавад. Не, ман ҳуқуқ надорам, шахсеро, ки дар тамоми ин давра масъулиятро ба дӯш дошт, аз амалиёти аслӣ маҳрум созам. Воҳид Камол аз он чи ки Абдумаҷидовро аз сафари хизматӣ таъҷилан бозхонд, ҳатто хурсанд шуд, чунки рафту агар Абдумаҷидов омадан намехост, ӯ ҳаргиз барои парвози таъҷилӣ билет намегирифт…
… 52 …
Соро Азимова баъди гирифтани пули талабнамудааш худро боз ҳам маззамат намуд. Панҷ ҳазор гуфтан лозим буд, мани
беақл бошам ҳамагӣ ду ҳазор талаб намудам. Маълум, ки пул баҳри онҳое, ки марги беморро аз палатаи ҳафтум хоҳонанд аз чирки дасте беш нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо