Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рост гуфтаанд, ки мӯйдарозон ақлкутоҳ мешаванд ва ана акнун ёбу гир… Ӯ имшаб дар беморхона навбатдор аст ва дугонааш баъди соати 22 он пули талабнамудаашро ба ҷойи кораш овард. Маълум онҳое, ки марги беморро аз палатаи ҳафтум хоҳонанд тоқаташон тоқ шудааст. Соро Азимова дар ошиёнаи дуюм ва Ёсин Сафо дар ошёнаи сеюм ҳарду дар ин шаб сари андешаҳои хеш овора. Он яке дар фикри аз байн бардоштани бемор, дигаре дар фикри сари субҳ ба дарс рафтан. Дирӯз Ёсинро худи командири ротааш ҳушдор сохт, ки дар асоси амри Воҳид Камол ӯ бояд то анҷоми амалиёт ҳамарӯза ба институти тиббӣ равад ва ҳамроҳи донишҷуёни курси сеюм дар дарс иштирок намояд. Дар ин бора Воҳид Камол бо сарвари донишгоҳи мазкур гуфтугӯ намуда, барои ин донишҷӯ ҳатто билети донишҷӯйи бо се муҳри донишгоҳ, ки вай дар ҳақиқат донишҷӯи факултаи муолиҷавӣ аст, гирифта тариқи Маҳмадов ба дасти Ёсин Сафо расонид. Имрӯз ӯ тариқи телефони мобилӣ супориш гирифт, ки фардо аз рӯйи ҷадвали дарсӣ бояд дар утоқи сию ҳафтум ошёнаи сеюми корпуси асосӣ дар дарс бошад. Маҳз ба ҳамин хотир ӯ аз рӯйи дастури гирифтааш билети донишҷӯиашро ба як гӯшаи миз гузошта, ба қироати китоби «Внутреные болезны» пардохт. Бояд қайд кард, ки Ёсин Сафо худ донишҷӯи курси дуюми шӯъбаи ғоибонаи институти политехникӣ буд ва чӣ будани донишҷӯиро тасаввур карда метавонист…
– Ҳа, Ёсинҷон, гуфтани касе вайро аз байни андешаҳо берун овард ва ӯ сар бардошта дар рӯ ба рӯяш Сороро дид. Соат алакай бистучор шуда буд, вале дар чашмони ҳамшираи шафқат ӯ осори хобро надида гуфт.
– Ҳа, ин шумоед, марҳамат, гузашта шинед, – гӯён Ёсин Сафо курсии холиро ба Соро нишон дода, худ боз чашм ба китоб дӯхт…
Аввалин чизе, ки ба чашми ҳамшираи шафқат хӯрд ин билети донишҷӯии - донишҷӯ буд ва ӯ ҳамоно даст ба сӯи он бурда вайро гирифта кушод…

пешина
аз 515
навбатӣ