Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Донишҷӯи курси сеюм, зери лаб қариб, ки ношунаво бигуфт ӯ.
– Ҳа, донишҷӯи курси сеюм сар аз китоб набардошта гуфт Ёсин Сафо.
– Эй биё мон хонданатро вақте ки бо худат гап мезананд, – гӯён Соро китобро бо як чанг задан аз дасти донишҷӯ даррабурд.
– Ту чӣ кор кардӣ рафту ягон саҳфиааш канда монад ман чӣ ҷавоб медиҳам?
– Барои ҳамин ҳам вақте, ки малика дар рӯ ба рӯят шиштааст эҳтиёт намо.
– Агар эҳтиёт накунам – чӣ?
– Баъд мефаҳмӣ. Дидӣ, ки ман чун гурба чанг мезанам.
– Ҳа, бовар намудам.
– Бовар накуну қандата хур. Исто, ки фардо чӣ кор дорӣ, шояд ба ягон ҷой равем?
– Не, ман дар давраи сессия ба ягон ҷо рафта наметавонам.
– Шояд фардо ҳамроҳ маро бо худ барӣ?
– Ба дарс?
– Не, ба куҷое хоҳӣ, танҳо ба дарс не.
– Не, фардо наметавонам, агар дар дарс иштирок накунам, Худо медонад аз имтиҳон гузаштанамро.
– Пасфардо чӣ?
– Пасфардо ман боз дар ин ҷо?
– Ман ҳам дар кор ҳастам, ё худат фаромӯш намудӣ?
– Чиро?
– Ваъдаи додаатро?
– Метавонӣ худи ҳозир дароӣ?
– Дар ин нисфи шаб?
– Хайр чӣ?
– Не, ҳоло даромада наметавонам.
– Чаро?
– Чунки ҳар гапу калоча шуданаш мумкин, рафту пагоҳ он кас ба ҳамшираи калон гӯяд, ки дишаб соатҳои як ё ду духтараке ба палатаи ман даромад, пас худат чӣ ҷавоб медиҳӣ, не ман намехоҳам, ки духтури ояндаро аз донишгоҳ пеш намоянд.

пешина
аз 515
навбатӣ