Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Агар туро нағз фаҳмида бошам, ту аз ғами хеш дида дар ғами бандаи гандаӣ?
– Чаро ганда. Агар ман нисбат ба худат бетафовут мебудам, магар дар ҳамин шаб хоби ширинамро нороҳат сохта, ба наздат меомадам.
– Шояд хобат набурду омадӣ?
– Инаш рост. Намедонам, чӣ хел ту дар ин қалби кўчаки ман ҷо гирифтаӣ, дасташро болои синааш гузошта гуфт духтар.
– Мо ду нафарем, ману ҷӯраам Илҳом.
– Чиро дар назар дорӣ?
– Мефаҳмӣ, Соро ману Илҳом қавл додаем, ки агар рафту ба касе дил диҳем ҳам танҳо ба ду дугона. Ту хафа нашав, ман намехоҳам, ки дар қавли додаам хиёнат намоям. Рафту агар дугонаат бошад, пасфардо не, дурустараш баъди навбатдории оянда ӯро бо худ биёр ва ман ҳам Илҳомро гирифта меорам ва ҳарчорамон якҷоя ба тамошои шаҳр мебароем.
– Эй Ёсинҷон сода будаӣ, о дар ҳамин зимистон дар шаҳр чиро тамошо мекунем.
– Тамошоро ман ба маънои обстракт гуфтам.
– Ба ман бошад сухани конкретии ту даркор.
– Қавли мард якто.
– Тогда по рукам?
– По рукам.
Майлаш, Ёсинҷон ман рафтам, хуш монӣ.
– Шаб ба хайр.
– Хайр то субҳи дигар, – гӯён Соро ба самти дари баромадгоҳ ҳаракат намуд…
– Хайр чӣ хел? – баъди рафтани Соро ба наздаш омада пурсид милитсионер донишҷӯи дигар Илҳом Раҷабов.
– Ҳамааш нағз, баҳри худат ҳам Илҳомҷон як арӯсак киро намудам.
– Банда беҳад миннатпазирам, – гӯён Илҳом баъди шунидани тафсилоти воқеа дар рӯ ба рӯи вай нишаст…

пешина
аз 515
навбатӣ