Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

… 53 …
Ба прокурори ноҳияи Гулистон,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи
дараҷаи аввал Ҳошим Бобохон
Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия мактуби шуморо таҳти рақами 3/256 аз 12.01… мавриди санҷиш қарор дод.
Ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки таппончаи тамғаи «РГ– 040» рақами давлатиаш УБ – 1288 барориши соли 1988 ҳангоми задухурдҳои мусаллаҳонаи гурӯҳи махсуси «Вимпел» бо гурӯҳҳои мухофилини ҳукумати Чеченистон дар минтақаи Хасав юрт гум шудааст. Яроқи мазкур ҳамчун аслиҳаи дар ҷанг иштирокнамуда, аз эътибор хориҷ карда шудааст.
Муовини вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал лейтенанти милиса Тарасов Г.А.
Ҳошим Бобохон дар гӯшаи мактуб чунин навишт: – муҳ.
Ф. Шариф номаи мазкурро ба парвандаи ҷиноӣ ҳамроҳ намоед.
Имзо. 24.01…
Дар нимаи дуюми рӯз вақте ки муфаттиши прокуратура аз назди Воҳид Камол баргашт котиба номаро ба дафтари кориаш овард.
Аз он ки нисбат ба номаи мақомоти прокуратура ВКД Россия ин хеле тез ҷавоб дод, муфаттиш хурсанд нашуд. Аслан чунин навъи ҷавобро ӯ қариб ду ҳафта пеш аз забони худи Абдумаҷидов ҳам шунида буд. Мақомоти корҳои дохилии Россия бо хабари расмии хеш даҳони ҳама бадгӯёнро баст, яъне ки мо гуфта наметавонем он таппонча бо кадом роҳу воситаҳо ба Тоҷикистон рафтааст. Ҷанг ҷанг аст ва шумо худ низ шаҳди онро чашидаед. Ҳарчанд чунин суханон дар нома набуд, вале дарк намудан душвор набуд мақоми давлати ҳамсояро…
Соате пештар сарвари ШКД ӯро ба мазмуни ҳисоботи фишурдаи Абдумаҷидов, ки дирӯз бегоҳӣ тариқи почтаи электронӣ ворид шуда буд шинос намуда фикру андешаҳои муфаттишро дар ин бора донистан хост.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо