Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чи ҳам мегуфт муфаттиш модоме, ки соате пештар аз таҳти гап бехабар ҳамаи ҳайати шахсии милисаро тариқи телефон ба бекорагӣ айбдор карданӣ шуд. Ба ростӣ Фурӯғи Шариф аз гуфтаҳои хеш пушаймон шуда буд, вале кай тавон пайванд кардан шишаи бишкастаро …
Воҳид Камол ӯро бовар кунонид, ки то ҳалу фасли пурраи кор рӯзҳои башумор мондааст. Рӯзҳои башумораш чанданд ӯ намедонист. Аз рӯйи маълумотҳои гирифта, субҳи фардо Абдумаҷидов аз Новосибирск ба Душанбе меояд. Модоме, ки ӯро худи сарвари милиса аз сафари хизматӣ бозхондааст, албатта ягон гап ҳаст…
Воҳид Камол ӯро ба ҳамон корҳое шинос намуд, ки бояд шинос мекард. Боқӣ сарвари милисаро чи фикру хаёле дар сар аст, муфаттиш намедонад…
Фурӯғ парвандаи ҷиноиро, ки ҷиҳози ягонаи он сейфи бузург буд берун оварда, мактуби гирифтаашро ба дохили он гузошт. Тайи қариб ин се ҳафта парвандаи ҷиноӣ рӯз аз рӯз ғафстар мешуд ва танҳо ин шукуфоии ҷузвдони қоғазинро оне дарк карда метавонист, ки худ боре ҳам бо ҷинояту ҷинояткор рӯ ба рӯ шудааст. Дар замони таҷрибаомӯзӣ Фурӯғ боре ҳам дарк накарда буд, ки он ҷилд– ҷилд парвандаҳое, ки ба суд фиристода мешаванд, бо кадом заҳмат гирд омадаанд. Ҳар як саҳифаи дохили ҷузвдони қоғазин худ як нишонае аз ҷаҳду талошҳои муфаттиш буд, маҳз ҳамин ҳолат муфаттишро болидарӯҳ месохт ва ба ҷаҳду талошҳои нав ҳидоят мекард.
Фардо ӯ ҳатман ба фурудгоҳ ба пешвози Акбар Ҳакимович Абдумаҷидов хоҳад рафт, ба пешвози марде, ки ӯро хоҳар мехонад, ба пешвози шахсе, ки ба вай ҳаққи устодӣ дорад…
Занги телефон садо доду Фурӯғ гӯшакро бардошта овози бародараш Ҷомиро шунид.
– Тенҷи мӣ?
– Ба хона биё, - гуфт Ҷомӣ ва гӯшакро ба ҷояш гузошт.
Фурӯғ қоғазу қаламашро ҷамъ намуду сейфро маҳкам карда, аз дар баромад. Модоме, ки Ҷомӣ ҷеғ задаст беҳуда ҷеғ назадааст андешид ӯ ба худ. Вақте ки вориди хона шуд, фаҳмид, ки гап дар куҷост, бибҷонаш аз деҳа омада будааст. Фурӯғ салом дода худро ба оғӯши бибиаш, ки чанд моҳ боз надида будаш, ба оғӯши бибие, ки аз пойи росташ маҳрум аст, партофт.

пешина
аз 515
навбатӣ