Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Эй бибӣ, бибиҷонаки ман, мегуфт ӯ…
… 54 …
Шахсияти Фиалкаро муайян кардан чандон душворие ҳам пеш наовард ва дар ин кор саҳми Абдумаҷидовро мадди назар намудан аз рӯи инсоф набуд. Рафту агар ҳамон акси тариқи почтаи электронӣ фиристодаи вай намешуд, ҷустани духтаре бо чунин номи тарҷумашуда баробари ҷустани сӯзан дар байни тулаи коҳ мешуд.
Фурўзони Нурали ҳамагӣ се соат баъди гирифтани супориши сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ бо худ ҳатто акси компютерии «Формаи №1» Фиалкаро гирифта овард.
– Дар қиёс бо худи сардори бахш аз чеҳраи Фурўзон ягон ҳолатро пай бурдан мумкин набуд. Наврӯз Умар ӯро дида ҳатто изҳори нигаронӣ намуд, ки то кунун аз пайи иҷрои супорш нашудааст.
Фурўзон сухане ба забон наоварда, нусхаи «Формаи №1» – ро болои мизи кории сардори бахш гузошта, худаш ҳам дигар бе ягон таклифи иловагӣ ба курсӣ нишаст.
– Ин кӣ?
– Фиалка.
– Наход?
– Бо расми дар дастатон буда муқоиса намоед.
Наврӯз Умар нусхаи аслии расми дар ғалладони кориаш бударо берун оварда, ӯро паҳлӯи нусхаи «Формаи №1» гузошта чашм ба он дӯхт…
– Ба фикрам ҳарду расмро дар як рӯз гирифтааст, бубин орою торои мӯи сараш ҳам як хел. Бунафшаи Борон боз хонд ӯ ва ниҳоят сар бардошта гуфт: – бе шумо Сағирдаштиҳо мо чӣ мекардем. Не, шахсан ман мутлақо зидди аз ин ҷо рафтани шумо ҳастам.
– Ба фикрам ин охирин парвандаи ҷустуҷӯиест, ки ман ҳамроҳи шумо ва устод Абдумаҷидов мебинам.
Аз он ки Фурўзони Нурали Абдумаҷидовро устод мегуфт эҳтироми ӯ дар назди ҳамкорон аз ҷумла Наврӯз Умар зиёдтар шуда буд, чунки худи Наврӯз Умар ҳам дар ҳама ҳолат худро шогирди Абдумаҷидов мехонд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо