Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Фиалкаро – ку ёфтем, акнун аз пайи он «любимиаш» чӣ буд номаш?
– «Ф».
– «Ф» то омадани ҳисоботи фишурдаи устод Абдумаҷидов буд, акнун вай Федя, ё Фаррух ном дорад. Акбар Ҳакимович дар гузоришаш овардааст, ки Анастасия Андреевна Журавлёва иҷорчиашро чунин ном бурд. Дар асл дар ин ҷода саҳми рассом Қурбон Сафол ҳам беназир аст. Журавлева дар як нигоҳ аз рӯйи расми кашида иҷоранишинашро шинохтааст, дар худи ин ҷо бошад то кунун касе дар ин бора ба милиса муроҷиат накардааст.
– Ҳа, дар ин бора русҳо пешрафтатаранд.
– Дар воқеъ амалиёт дар арафаи анҷомёбист ва то фардо бегоҳ мо бояд кӯшиш намоем, ки на танҳо Федя ё Фаррухро, балки он нафари дуюмашро онеро ки Боҳир Қаюм ҳамроҳи ҳамин Федя, Фаррух дар канори ҷангал дидааст, муайян намоем.
– Набошад аз қафои Бунафша назорат бурдан лозим?
– Бале ва маҳз ҳамин тарафи корро ба худи шумо вобаст мекунам, метавонед як нафарро аз ротаи Маҳмадов бо худ гиред. Дар ин бора командири рота аз сардори ШКД супориш гирифтааст. Ҳа, дар воқеъ метавонед аз ягон автомашинаи шахсӣ истифода баред. Воҳид Камол хизмати автомашинаро дар асоси тартиби нишондоди муқаррар намудаи давлат ҷуброн хоҳад кард.
– Ман розӣ.
– Худи ҳозир ба назди Маҳмадов равед ва ҳамин масъаларо ҳал намоед. Рақами алоқавии шумо сеюм. Гурӯҳи дар беморхона буда якум, гурӯҳи назоратӣ дар хонаи Боҳир Қаюм дуюм, ШКД марказ. Соате пештар ба амалиёт номгузорӣ намуданд.
– Хуш амалиёт чӣ ном гирифтааст?
– Амалиёти «Шоҳид».
– Номи аҷиб.

пешина
аз 515
навбатӣ