Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ин ном маҳсули тахаюлоти Воҳид Камол ва муфаттиши прокуратура аст. Ҳар хел ҳам набошад ба рафти ҳодисаҳо ҳамном. Охир Боҳир Қаюмро дигар гуноҳе нест, ба ҷуз он, ки он ду ҳамдиёрашро дар канори ҷангал дидааст.
– Ман ҳайронам, ки чаро дар ҳамон ҷо бо вай ҳисобашонро баробар накарданд?
– Чунки нахостаанд, таваҷҷӯҳи мардумро ба худ ҷалб намоянд. Боҳир Қаюм ҳамон вақт аз паҳлӯи роҳ медавидааст.
Рафту ӯро мепаррониданд, ягон ронанда маън менамуд. Ба замми ин он якуним миллион доллари дар ҷомадонҳо буда, низ садди роҳи қотилон гаштааст. Кӣ медонад, ки дар ҳамон лаҳза ва дар он ҷо онҳоро чӣ фикру хаёле дар сар будааст. Худи ҳозир аз пайи кор шав. Умед ба анҷоми неки кор мебандем, – гӯён сардор ба зердасташ барори кор орзу намуд.
Баъди рафтани Фурўзон Наврӯз Умар бозёфти зердасташро (формаи №1 дар назар аст) гирифта, ба назди сардори ШКД рафт.
– Хуш, кӣ будааст он Фиалкааш?
– Ҳамааш дар ҳамин ҷо, – гӯён Наврӯз Умар он қоғази ним соат пеш гирифтаашро ба дасти Воҳид Камол дод.
– Сокини ноҳияи Фирдавсӣ будааст – ку.
– Ҳа.
– Вай домодтура сокини куҷо бошад?
– Намедонам.
– Ин бад аст.
– Чӣ илоҷ.
– Илоҷашро ёфтан даркор?
– Моро танҳо Бунафшаи Борон бо ӯ рӯ ба рӯ карда метавонад.
– Рафту онҳо вонахӯранд чӣ?
– Бунафша звенои мобайнист байни қотилон ва Соро Азимова.
– Хайр чӣ?
– Охир онҳо бояд аз рафти амалиёти пешбинишуда огоҳ гарданд.
– Барои ин шарт нест бо Азимова вохӯрдан.
– Бо Бунафша чӣ?

пешина
аз 515
навбатӣ