Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бо вай ҳам.
– Пас чӣ тавр онҳо аз рафти воқеаҳо огоҳ хоҳанд шуд?
– Тариқи ВАО ё аз забони мардум. Даҳони халқро– ку баста намешавад.
– Дар он сурат Бунафшаро чун гумонбар фишурдан лозим.
–Бок адом далел?
Наврӯз Умар хомӯш монд.
– Аз он чӣ ки расми вайро дар кулбаи иҷоранишини «Ф» ё худ Федя ё шояд Фаррух дар Новокузнетский ёфтанд ин ҳанӯз далели гунаҳкории вай нест. Чунин амал моро ҳатто ҳуқуқ намедиҳад, ки мо вайро звенои мобайни шуморем. Хайр чи ки ӯ ду – се маротиба бо Соро Азимова вохӯрдааст. Охир ҳамшираи шафқат бо шасту ду нафар сари суҳбат қарор доштааст. Пас чаро мо аз ягон каси дигар нею маҳз аз вай гумонбар шавем.
Ҳамааш шуда аз рӯйи ҳамон як расм. Ин ҳанӯз далеле нест, ки мо ба вай фишор оварда тавонем ва ё нисбат ба ӯ чораҳои иҷбориро (дар маънои ба ҳабси пешакӣ гирифтан) амалӣ намоем, дар ҳоле ки то кунун мо кӣ будани «Ф» – ро муайян накардаем.
– Ман алакай ба ин кор корманди оперативиро сафарбар намудам.
– Ӯро бо нақлиёт, воситаҳои алоқа муҷаҳҳаз намудан лозим.
– Ҳамаи чораҳоро меандешем, то фардо кӣ будани «Ф» – ро муайян намоем.
– Ана, ин гапи дигар. Ба замми ин қарз бо баргардонданаш зебост, маро мефаҳмед?
– На, он қадар.
– Ҳамкорони мо дар Руссия ба ёрии бевоситаи мо умед бастаанд ва онҳо умед бар он доранд, ки мо на танҳо гуноҳи қотилонро барои ҷиноятҳои дар он ҷо содирнамудаашон дайн месозем, ҳамчунин дар собит намудани гуноҳи онҳо дар хориҷи кишвар, ки чун меҳмон иззати хешро ба ҷо наоварданд кӯшиш ба харҷ медиҳем ва он маблағи аз автомашинаи инкасаторӣ ғорат намудаашонро бармегардонем. Аз эҳтимол дур нест, ки тарафи Россия ҳам талаби гирифтани ҷинояткоронро дошта бошад. Ҳарчанд ин масъала бе роҳҳои дипломатӣ ҳалу фасл шуданаш ғайриимкон аст, мо бояд вазифаи ҷонии хешро иҷро намоем ва гуноҳи ҷинояткоронро ҳам барои кирдорҳои дар ин ҷо содир намудаашон ва ҳам барои амалӣ ношоистаашон дар хориҷи кишвар дайн намоем.

пешина
аз 515
навбатӣ