Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агарчи кард сад ҷоми дигар нӯш,
Нашуд ҷоми нахустинаш фаромӯш.
Майе, к-аввалқадаҳ ҷом оварад пеш,
Зи сад ҷоми дигар дорад баҳо беш.
Май аввал ҷоми софихез бошад,
Ба охир ҷоми дурдомез бошад.
Гуле, к-аввал барорад тарфи ҷӯяш,
Фузун бошад зи сад гулзор бӯяш.
Дуре, к-аввал шикам бошад садафро,
Зи луълӯ бишканад бисёр сафро.
Зи ҳар хӯрде, ки таъми нӯш дорад,
Ҳаловат бештар сарҷӯш дорад.
Ду ошиқ чун чунон шарбат чашиданд,
Инон пайваста аз заҳмат кашиданд.
Чу як дам ҷои холӣ ёфтандӣ,
Чу ширу май ба ҳам бишкофтандӣ.
Чу дузде, к-ӯ ба гавҳар даст ёбад,
Пас он гаҳ посбонро маст ёбад,
Ба чашме поси душман доштандӣ,
Ба дигар чашм райҳон коштандӣ.
Чу фурсат даркашидӣ хасмро мил,
Рабудандӣ яке бӯса батаъҷил.
Санам то шармгин будиву ҳушёр,
Набудӣ бар лабаш симурғро бор.
Дар он соат, ки аз май маст гаштӣ,
Ба бӯса бо малик ҳамдаст гаштӣ,
Чунон тангаш кашидӣ шаҳ дар оғӯш,
Ки кардӣ қоқумашро парниёнпӯш.
Зи бас, к-аз гоз нилаш баркашидӣ,
Зи барги гул бунафша бардамидӣ.
Зи шарми он кабудиҳо-ш бар моҳ,
Ки маҳро худ кабуд омад гузаргоҳ.
Агар ҳушёр, агар сармаст будӣ,
Сапедобаш чу гул дар даст будӣ…
ОЗУРДАНИ ХУСРАВ АЗ ШИРИН
ВА РАФТАН БА ҶОНИБИ РУМ
Шабе аз ҷумла шабҳои баҳорӣ
Саодат рух намуду бахт ёрӣ.
Шуда шаб равшан аз маҳтоб чун рӯз,
Қадаҳ бардошта моҳи шабафрӯз.
Дар он маҳтоби равшантар зи хуршед
Шуда бода равон дар сояи бед.
Сафири мурғу нӯшонӯши соқӣ
Зи дилҳо бурда андӯҳи фироқӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё