Ҳафтахтар Ҷилди 3

ШЕР КУШТАНИ ХУСРАВ ДАР БАЗМГОҲ
Малик азми тамошо кард рӯзе,
Назаргоҳаш чу Ширин дилфурӯзе.
Касеро, к-ончунон дилхоҳ бошад,
Ҳама ҷое тамошогоҳ бошад!
Зи сабза ёфтанд оромгоҳе,
Ки ҷуз савсан наруст аз вай гиёҳе,
Дар ин саҳни биҳиштӣ ҷой карданд,
Маликро боргаҳ барпой карданд.
Канизону ғуломон гирди хиргоҳ,
Сурайёвор гирди хирмани Моҳ.
Нишаста Хусраву Ширин ба як ҷой,
Зи дур овехта дурӣ ба як пой.
Суроҳиҳои лаъл аз дасти соқӣ
Ба ханда гуфт: бод ин айш боқӣ!
Шаробу ошиқӣ ҳамдаст гашта,
Шаҳаншаҳ з-ин ду май сармаст гашта.
Баромад тунд шери бешапарвард,
Ки аз дунбол мезад бар ҳаво гард,
Чу бадмастон ба лашкаргаҳ дарафтод,
В-аз ӯ лашкар ба якдигар барафтод,
Фароз омад ба гирди боргаҳ танг,
Ба тундӣ кард сӯи Хусрав оҳанг.
Шаҳ аз мастӣ шитоб овард бар шер,
Ба якто пираҳан бе диръу шамшер,
Камонкаш кард муште то буногӯш,
Чунон бар шер зад, к-аз шер шуд ҳуш.
Бифармудаш пас он гаҳ сар буридан
Зи гардан пӯсташ берун кашидан
В-аз он пас расми шоҳон шуд, ки пайваст,
Бувад дар базмгаҳшон теғ бар даст.
Агарчи шерпайкар буд Парвиз,
Малик буду малик бошад гаронхез.
Зи мастӣ кард бо шер он далерӣ,
Ки номи мастӣ омад шергирӣ.
Ба дастовези шерафкандани шоҳ
Маҷоли дастбӯсӣ ёфт он моҳ.
Даҳон аз бӯса чун ҷуллоб тар кард,
Зи бӯса дасти шаҳро пуршакар кард.
Малик бар тунги шаккар муҳр бишкаст,
Ки шаккар дар даҳон бояд, на дар даст.
Лабаш бӯсиду гуфт: ин ангубин аст,
Нишон додаш, ки ҷои бӯса ин аст.
Нахустин пайк бурдӣ шаккарин ҷом,
Ки аз Хусрав ба Ширин бурд пайғом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё