Ҳафтахтар Ҷилди 3

Малик з-он модашерони шикорӣ
Шигифтӣ монда дар чобуксаворӣ,
Ки ҳар як буд дар майдон ҳумое,
Ба даъвигоҳи нахчир аждаҳое.
Малик медид дар Ширин ниҳонӣ,
К-аз он сайдаш чи орад армуғоне.
Сурину чашми оҳу дид ногоҳ,
Ки пайдо шуд ба сайд афкандани шоҳ.
Ғизоле маст шамшере гирифта,
Ба ҷои оҳуе шере гирифта.
Аз он нахчирпардози ҷаҳонгир
Ҷаҳонгире чу Хусрав гашт нахчир.
Чу товуси фалак бигрехт аз боғ,
Ба гул чидан ба боғ омад сияҳ зоғ,
Шуданд аз ҷилва товусон гусаста,
Ба парри зоғрангон барнишаста.
Ҳама дар ошёнҳо рух нуҳуфтанд,
Зи ранҷи мондагӣ то рӯз хуфтанд.
Дигар рӯз остонбӯсон давиданд,
Ба даргоҳи малик саф баркашиданд,
Ҳамон чавгону гӯй оғоз карданд,
Ҳамон нахчир кардан соз карданд.
Дар ин карданд моҳе умри худ сарф
В-аз ин ҳирфат наафканданд як ҳарф.
Малик фурсат талаб мекард бисёр,
Ки бо Ширин кунад як нукта бар кор,
Наомад фурсате бо ӯ падидаш,
Ки дар банди таваққуф буд калидаш.
Шабонгаҳ, к-он шакарлаб бозмегашт,
Ҳумои ишқ бепарвоз мегашт,
Шаҳаншаҳ гуфт, к-эй бар некувон шоҳ,
Ҷамолат чашми давлатро назаргоҳ,
Биё, то бомдодон з-аввали рӯз
Шавем аз гунбади пирӯза пирӯз,
Май орему нишот андеша гирем,
Тараб созему шодӣ пеша гирем,
Агар шодем, агар ғамгин дар ин дайр,
Наем эмин зи даврони куҳансайр,
Чу мебояд шудан з-ин дайр ночор,
Нишот аз ғам беҳу шодӣ зи тимор.
Ниҳод ангушт бар чашм он париваш,
Заминро бӯса доду кард шабхуш.
Малик бар ваъдаи моҳи шабафрӯз
Дар ин фикрат, ки фардо чун шавад рӯз…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё