Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шамома бо шамоил роз мегуфт,
Сабо тафсири оят бозмегуфт.
Сиҳисарве равон бар ҳар каноре,
Зи ҳар сарве шукуфта навбаҳоре.
Яке бар ҷои соғар даф гирифта,
Яке гул-обдон бар каф гирифта.
Чу давре чанд рафт аз ҷоми нӯшин,
Гарон шуд ҳар саре аз хоби дӯшин.
Ҳарифон аз нишастан маст гаштанд,
Ба рафтан бо малик ҳамдаст гаштанд.
Хумори соқиён афтода дар тоб,
Димоғи мутрибон печида дар хоб.
Муҳайё маҷлисе бе гарди ағёр,
Баномэзид, гуле бе заҳмати хор!
Шаҳ аз роҳи шикебоӣ гузар кард,
Шикори орзӯро тангтар кард,
Сари зулфи гиреҳгири дилором
Ба даст оварду раст аз дасти айём.
Лабаш бӯсиду гуфт: эй ман ғуломат,
Бидеҳ дона, ки мурғ омад ба домат.
Ҳар он-ч аз умри пешин рафт, гӯ, рав,
Кунун рӯз аз нав асту рӯзӣ аз нав.
Ману ту, ҷуз ману ту кист ин ҷо,
Ҳазар кардан зи баҳри чист ин ҷо?
Яке соат мани дилсӯзро бош,
Агар рӯзе будӣ, имрӯзро бош!
Ба сони мевадори нобарӯманд,
Умеди мову тақсири ту то чанд?
Агар худ пуле аз санги кабуд аст,
Чу беоб аст, пул з-он рӯи рӯд аст.
Саги қассобро дар паҳлуи меш
Ҷигар бошад, валек аз паҳлуи хеш.
Басо абре, ки бандад киллаи мушк,
Ба ишва боғи деҳқонро кунад хушк.
Басо шӯразамин, к-аз обнокӣ
Даҳони ташнагонро кард хокӣ.
Чи бояд заҳр дар ҷоме ниҳодан,
Зи ширинӣ бар ӯ номе ниҳодан.
Ба тарки луълӯи тар чун тавон гуфт,
Ки луълӯро ба таррӣ беҳ тавон суфт.
Бара дар ширмастӣ хӯрд бояд,
Ки чун пухта шавад, гургаш рабояд.
Кабӯтарбачча чун ояд ба парвоз,
Зи чанги шаҳ фитад дар чангули боз.

пешина
аз 349
навбатӣ