Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ту разм, эй шаҳу аз бахти мувофиқ нусрат,
Аз ту азм, эй малику аз маликуларш зафар!

Ҳама пӯшанд кафан, чун ту бипӯшӣ хафтон,
Ҳама хоҳанд амон, чун ту бихоҳӣ миғфар.

Он сарафроз ҷаҳонбоне, к-аз ғояти фазл
Ҳақ супурдаст ба адли ту ҷаҳонро яксар,

Баҳрае бояд аз адли ту низ Эронро,
Гарчи вайрон шуд, берун зи ҷаҳонаш машмар!

Ту хури равшаниву ҳаст Хуросон итлол,

На бар итлолбитобад чу бар ободон хур.

Ҳаст Эрон ба масал шӯраву ту абриву абр
Ҳам биафшонад бар шӯра чу бар боғ матар.

Бар заифу қавӣ имрӯз туӣ довари Ҳақ,
Ҳаст воҷиб ғами ҷумла зуъафо бар довар!

Кишвари Эрон чун кишвари Тӯрон чу турост,
Аз чи маҳрум аст аз раъфати ту ин кишвар?

Гар наорояд пои ту ба ин азм рикоб,
Ғузи мудбир накашад боз инон то Ховар!

Кай бувад, кай, ки зи ақсои Хуросон оранд
Аз футӯҳи ту башорат бари хуршеди башар?

Подшоҳи аламо, садри ҷаҳон, хоҷаи шаръ,
Мояи фахру шараф, қоидаи фазлу ҳунар,

Шамси ислом, фалакмартаба Бурҳонуддин,
Он ки мавло-ш бувад Шамсу фалак фармонбар,

Он ки аз меҳри ту тоза-ст, чу аз дониш, рӯҳ
В-он ки бар чеҳри ту фитна-ст чу бар шамс қамар,

Ёвараш бодо Ҳақ аззаву ҷал дар ҳама кор,
То дар ин кор бувад бо ту баҳиммат ёвар!

Хафтон – ҷомае, ки сипоҳиён аз таҳи зиреҳ мепӯшиданд.
Миғфар – хӯд, кулаҳхӯд.
Итлол – вайрона, харобазор.
Матар – борон.
Зуъафо – заифон.
Рофат – лутф, меҳрубонӣ.
Мудаббир – соҳибтадбир, тадбиркунанда.

пешина
аз 328
навбатӣ