Мунтахаби девон

Бар мусулмонон з-он гуна кунанд истихфоф,
Ки мусулмон накунад садяк аз он бо кофар.
Ҳаст дар Руму Хито амн мусулмононро,
Нест як зарра саломат ба мусулмонӣ-дар.
Халқро з-ин ғам фарёд рас, эй шоҳнажод,
Мулкро з-ин ситам озод кун, эй нексияр!
Ба Худое, ки биорост ба номат динор,
Ба Худое, ки барафрохт ба фарқат афсар,
Ки кунӣ фориғу осуда дили халқи Худой,
З-ин фурӯмоя ғузи шумпайи ғоратгар!
Вақти он аст, ки ёбанд за румҳат подош,
Гоҳи он аст, ки гиранд зи теғат кайфар.
Зану фарзанду зари ҷумла ба як ҳамла чу пор
Бурдӣ, имсол равоншон ба дигар ҳамла бубар!
Охир, Эрон, ки аз ӯ будӣ фирдавс ба рашк,
Вақф хоҳад шуд то ҳашр бар ин шум ҳашар!
Сӯи он ҳазрат, к-аз адли ту гаштаст чу хулд,
Дур аз ин ҷой, ки аз зулми ғузон шуд чу сақар,
Ҳар ки поеву харе дошт, ба ҳилат афканд
Чи кунад мискин онро, ки на пой асту на хар?
Раҳм кун, раҳм бар он қавм, ки ҷӯянд ҷавин
Аз паси он, ки нахӯрдандӣ аз ноз шакар!
Раҳм кун, раҳм бар онҳо, ки наёбанд намад
Аз паси он, ки аз атласшон будӣ бистар!
Раҳм кун, раҳм бар он қавм, ки набвад шабу рӯз
Дар мусибатшон ҷуз навҳагарӣ кори дигар!
Раҳм кун, раҳм бар он қавм, ки расво гаштанд
Аз паси он, ки ба мастурӣ буданд самар!
Гирди офоқ чу Искандар баргард, аз он-к
Туӣ имрӯз ҷаҳонро бадали Искандар.
Истихфоф – кам шумурдан, таҳқир.
Самар – афсона, қисса.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё