Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хусрави одил – хоқони муаззам, к-аз ҷад
Подшоҳ асту ҷаҳондор ба ҳафтод падар.

Доимаш фахр бад-он аст, ки дар пеши мулук
Писараш хондӣ султони салотин – Санҷар.

Бозхоҳад зи ғузон кина, ки воҷиб бошад
Хостан кини падар бар писари хубсияр.

Чун шуд аз адлаш то сарҳади Тӯрон обод,
Кай раво дорад Эронро вайрон яксар?

Эй каюмарсбақо, подшаҳи кисроадл
В-эй манучеҳрлиқо, хусрави афредунфар,

Қиссаи аҳли Хуросон бишунав аз сари лутф,
Чун шунидӣ, зи сари лутф бар эшон бинигар.

Ин дилафгор ҷигарсӯхтагон мегӯянд,
К-эй дили давлату динро зи ту шодиву зафар,

Хабарат ҳаст, к-аз ин зеру забар шум ғузон
Нест як тан зи Хуросон, ки нашуд зеру забар?

Хабарат ҳаст, ки аз ҳар чи дар ӯ хайре буд,
Дар ҳама Эрон имрӯз намондаст асар?

Бар бузургони Хуросон шуда хурдон солор,
Бар каримони ҷаҳон гашта лаимон меҳтар.

Бар дари дунон аҳрор ҳазину ҳайрон,
Дар кафи риндон аброр асиру музтар.

Шод илло ба дари марг наёбӣ мардум,
Бикр ҷуз дар шиками мом наёбӣ духтар!

Масҷиди ҷомеъи ҳар шаҳр сутуроншонро
Пайгоҳе шуда, на сақфаш пайдову на дар!

Хутба накнанд ба ҳар хутба ба номи ғуз аз он-к
Дар Хуросон на хатибест кунун, на минбар!

Кушта фарзанди гиромиро гар ногоҳон
Бинад, аз бим хурӯшид наёрад модар!

Он киро сад раҳ ғуз зар ситаду бозфурӯхт,
Дорад он ҷинс, ки гӯӣ-ш харидаст ба зар.

Хубсияр – нексират.

пешина
аз 328
навбатӣ