Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хутаборо забон ба зикри ту тар,
То мамарри суханзабон бошад.

Сиккаҳоро даҳон ба номи ту боз,
То зи зар дар ҷаҳон нишон бошад.

Муддатат лозими замону макон,
То замон лозими макон бошад.

Ҳимматат мулкбахшу мулкситон,
То ба гетӣ деҳу ситон бошад.

Дар ҷаҳон мулки ҷовидонат бод,
Худ чунин мулк ҷовидон бошад!

ИН ШЕЪР АЗ ЗАБОНИ АҲЛИ ХУРОСОН
БА ҲАЗРАТИ ХОҚОНИ САМАРҚАНД НАВИШТ

Бар Самарқанд агар бигзарӣ, эй боди сабо,
Номаи аҳли Хуросон ба бари хоқон бар.

Номае, матлаи ӯ – ранҷи тану офати ҷон,
Номае, мақтаи ӯ – дарди дилу сӯзи ҷигар.

Номае, бар рақамаш оҳи шаҳидон пайдо,
Номае, дар шиканаш хуни шаҳидон музмар.

Нақши тақрираш аз синаи мазлумон хушк,
Сатри унвонаш аз дидаи маҳрумон тар.

То кунун ҳоли Хуросону раоё будаст
Бар Худованди ҷаҳон – хоқон пӯшида магар?

Не, набудаст, ки пӯшида набошад бар вай
Заррае неку бади нуҳ фалаку ҳафт ахтар!

Корҳо баста шуда, бешак, дар вақту кунун
Вақти он аст, ки ронад суи Эрон лашкар.

Мамар(р) – гузаргоҳ; роҳу тариқ.
Музмар – пинҳон.
Тақрир – баён.

пешина
аз 328
навбатӣ