Мунтахаби девон

Рӯҳи Рӯҳуламин дар он соат
На ҳамоно, ки дар амон бошад.
Набувад ҳеҷ кас ба ҷуз нусрат,
Ки даме бо ту ҳаминон бошад.
Ҳар масофе, ки андар ӯ ду нафас
Теғро бо кафат қирон бошад,
Сад қирон ваҳшу тайрро пас аз он
Фалак аз кушта мизбон бошад.
Қабзаи ханҷарат ҷаҳонгир аст,
Гарчи як мушт устухон бошад.
Хусраво, бандаро чу даҳ сол аст,
Ки ҳама-ш орзӯи он бошад,
К-аз надимони маҷлис ар нашавад,
Аз муқимони остон бошад.
Бихараш пеш аз он, ки бишносӣ-ш
В-он гаҳат ройгон гарон бошад.
Чи шавад, гар туро дар ин байъат
Дастбӯсидане зиён бошад,
Ё ки бошад, ки рӯзаке чанде
Гардане аз ту гар дар он бошад,
Ё чи бошад, ки дар мамолики шоҳ
Шоире хом қалтабон бошад.
Гарчи андар миёни мадҳу ғазал
Мӯй-мӯяш забон-забон бошад.
То шавад пир ҳамчу бахти адӯ-т,
Ҳам дар ин давлати ҷавон бошад.
То ҳавои хазон ба баҳману дай
Заргари боғу бӯстон бошад.
Боғи мулки туро баҳоре бод,
На чунон, к-аз пайаш хазон бошад.
Рӯҳуламин – Ҷибрил, Ҷабраил, Сурӯш, фариштаи муқарраби Худо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё